Пагоҳ дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраеви шаҳри Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор мегардад

Июнь 17, 2022 12:00

ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев» -и пойтахт ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» доир мегардад, ки дар он фаъолону ҳунармандон ва тарроҳони беҳтарин бо «Диплом»-у «Сипоснома» ва дигар туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардонида мешаванд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фестивали «Сад ранги чакан (чакандӯзӣ) яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ буда, аз рӯи 6 номина: намоиши либосҳои қадимаи чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарра, намоиши либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ, намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидузӣ дар се давр баргузор мегардад.

Мақсади баргузории фестивал баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Баргузории фестивал имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои то ҳануз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сузанидӯзӣ, тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ дубора эҳё гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.

Ёдовар мешавем, ки оҳи ноябри соли 2018 дар ҷаласаи 13–уми Кумитаи байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ, ки дар Ҷумҳурии Маврикий баргузор шуд, номинаи «Санъати гулдӯзии чакан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман дар феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО сабт гардид. Дар ҷаласаи мазкур беш аз 800 нафар намоянда аз 120 давлати дунё иштирок доштанд, ки аксарияти онҳо номинаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намуданд.

«Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд. Санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст», — чунин муаррифӣ карда шудааст чакан дар сомонаи ЮНЕСКО.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июнь 17, 2022 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид
Дар Душанбе 49 номгӯй адабиёти тозанашри кӯдакона рӯнамоӣ гардид
Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ванҷ доир шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор шуд
Оид ба бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ҳамоиш доир шуд
15 АВГУСТ–РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОСТОНШИНОСӢ. Зиёда аз 70 фоизи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ёдгориҳои бостонӣ ташкил медиҳанд
Тоҷикистон мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ мегардад
Раиси шаҳри Шероз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Аз ёдгории таърихии «Сайёд» муҳри шоҳии марбут ба аҳди Кӯшониён дарёфт гардид