Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд

Июнь 6, 2022 17:00

ДУШАНБЕ, 06.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. 6 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Шиксин Ченро, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки намояндагони Бонкро дар кори Конфронси дуюми оби Душанбе нишони дастгирии ташаббусҳои Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об арзёбӣ карданд.

Аз рушди шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Бонк дар тӯли 24 соли ҳамкориҳо, ки дар ҳамаи самтҳои муҳим дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардидаанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки бастаи маблағгузориҳои Бонк дар Тоҷикистон то ба имрӯз 175 лоиҳаи сармоягузорӣ ва маблағи онҳо зиёда аз ду миллиард доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот масъалаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, шаҳрдорӣ ва бахши молияро баррасӣ карданд. Мавриди зикр аст, ки дар ин соҳаҳо 17 лоиҳа ба маблағи 900 миллион доллар амалӣ шуда истодааст.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, нақлиёт, маориф ва рушди инфрасохтор, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Барои дастгирии Бонк ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии пандемия ва бартараф намудани пайомадҳои ин изҳори сипос карда шуд.

Мулоқот бо ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Шиксин Чен 06.06.2022

Июнь 6, 2022 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд