Попи Рум Франсиск изҳор дошт, ки ҷанги сеюми ҷаҳонӣ оғоз шудааст
ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари калисои католикии Рум Франсиск дар рӯйдодҳои дар сайёра баамаломада оғози ҷанги навбатиро дар миқёси ҷаҳонӣ мебинад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора ТАСС бо истинод ба рӯзномаи италиявии «La Stampa» хабар дод.
«Чанд сол пеш ба сарам омада буд, ки мо ҷанги сеюми ҷаҳониро қисман аз сар мегузаронем. Имрӯз, итминон дорам, ки ҷанги сеюми ҷаҳонӣ эълон шудааст», — гуфт Попи Рум.
Ҳамин тариқ, ба гуфтаи ӯ, тайи сад соли охир башарият аллакай ҷанги сеюмро дар миқёси ҷаҳонӣ аз сар мегузаронад. Ӯ ин таҳаввули вазъро як фалокат арзёбӣ карда, даъват намуд, ки дар ин бора андеша карда шавад.
Попи Рум ҳамчунин зикр кард, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон низоъҳо авҷ мегиранд.
«Мо аз воқеаҳои Украина хабар дорем, вале касе дар бораи ҳодисаҳое, ки масалан, дар мамлакатҳои Африқо рух медиҳанд, чизе намегӯяд ва парвое надорад», — гуфт дар хотима ӯ.
ДАР АКС: Попи Рум Франсиск. Скриншот аз навори шабакаи телевизиони RAI








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






