Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуманро ба ҳузур пазируфтанд

Июнь 6, 2022 17:30

ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуманро, ки барои иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, изҳор доштанд, ки дар тӯли 30 соли робитаҳои Тоҷикистон бо Бонк ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳ рушд ёфта, имрӯз дар сатҳи баланди шарикӣ қарор доранд.

То имрӯз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон 150 лоиҳаро дар ҳаҷми зиёда аз 850 миллион доллари америкоӣ маблағгузорӣ кардааст, ки амалисозии ин лоиҳаҳо дар рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар нақши назаррас дорад.

Дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷалби бештари маблағҳо барои рушди бахши хусусӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ ва инкишофи бозори молиявии мамлакат, зарур дониста шуд.

Дар рафти мулоқот татбиқи чорабиниҳо оид ба бартарафсозии таъсири оқибатҳои манфии пандемия ба иқтисодиёти кишвар, ҷалби маблағҳо ва сармоя баҳри амалисозии лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон муҳокима гардид.

Дар вохурӣ ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

Мулоқот бо ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Марк Боуман 06.06.2022

Июнь 6, 2022 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд