Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб бо Сенатори Фаронса Эрве Море мулоқот намуд

Июнь 10, 2022 11:54

ДУШАНБЕ, 10.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб бо Сенатори Фаронса Эрве Море ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, зимни суҳбат  маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҷонибҳо доир ба роҳу василаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба, хусусан тариқи афзоиши табодули сафарҳои намояндагони баландпояи Тоҷикистон ва Фаронса мубодилаи афкор намуданд.

Дар  ҷараёни суҳбат таваҷҷуҳи ҷониби Фаронса ба иқтидору имкониятҳои фаровони рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг ҷалб карда шуд. Дар ин радиф, аҳамияти тавсеаи пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои мутақобилаи байни Тоҷикистон ва Фаронса барои ғанигардонии ҳамкорӣ бо мазмуну мундариҷаи мушаххас таъкид гардид.

Дар вохӯрӣ атрофи дигар масъалаҳои  мавриди таваҷҷуҳи тарафайн  қарордошта гуфтугӯи ҷиддӣ ва ошкоро сурат гирифт.

Акс: МН МО ҶТ

Июнь 10, 2022 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид