РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Бори аввал дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали об баргузор мешавад

Июнь 2, 2022 08:44

ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 июн дар ҳошияи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори нахуст дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Наврӯзгоҳи»-и пойтахт Фестивали оби Душанбе баргузор мешавад.

«Ин иди  арҷгузорӣ ба об ҳамчун асоси ҳаёт, некӯаҳволӣ, шукуфоӣ ва рушди устувор хоҳад буд», — иброз  доштанд дар котиботи Конфронси байналмилалии об дар Душанбе.

Тавре 27 май зимни баргузории брифинг роҳбари котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд Султон Раҳимзода иброз намуд, Фестивали об аз барномаи васеъ, аз ҷумла намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва эҷодкорӣ, таомҳои миллӣ, намоиши либосҳои  миллӣ, барномаи консертӣ ва дигар намоишҳо иборат аст. Намоишгоҳ ба мавзӯи «Об барои рушди устувор» бахшида шуда, бо нишон додани  таҷрибаи пешқадам, технология ва инноватсия дар соҳаи об ва экскурсияҳо барои намоиши сиёсат ва таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии об инчунин иқтидори мамлакатро дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ муаррифӣ намояд.

Барои ширкат дар Конфронси обии шаҳри Душанбе ҳудуди 2000 нафар шахсиятҳои олӣ, сиёсатмадорон, олимон, коршиносон, намояндагони  ҳукумати мамлакат, СММ ва агентии он, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, институтҳои молиявӣ, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла занон ва ҷавонон номнавис шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки пешрафтҳои дар ҷараёни татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал бадастомада, мушкилот ва монеаҳои мавҷуда дар роҳи расидан ба ҳадафҳо, ҳавасмандгардонӣ ва суръат бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои оби Рӯзномаи рушд дар давраи то соли  2030 масъалаҳои асосӣ барои муҳокима дар чаҳорчӯби конференсия мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Фаъолгардонии амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» баргузор мегардад.

Конфронси Душанбе марҳилаи калидӣ дар омодагӣ ба Конфронси СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи марти соли 2023 дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мешавад, хоҳад буд. Интизор меравад, ки Конфронси Ню-Йорк на танҳо аз нигоҳи вақт (бори нахуст пас аз тақрибан 50 сол), балки аз ҷиҳати натиҷагирӣ низ таърихӣ буда, нуқтаи гардиш дар суръатбахшии амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои обро нишон медиҳад.

АКС: АМИТ «Ховар»/Котиботи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд

Июнь 2, 2022 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Таҳия ва муҳокимаи аввалин лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду сол идома ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»