РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон бахшида ба Конфронси оби СММ-2023 брифинг доир шуд

Июнь 8, 2022 15:13

ДУШАНБЕ, 08.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 июн дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» бахшида ба Конфронси оби Созмони Миллаи Муттаҳид- 2023, ки онро Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд ҳамраисӣ мекунанд, брифинг баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз «Кохи Сомон».

Дар нишаст роҳбари котиботи конфронс, раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал Султон Раҳимзода ва Намояндаи вижаи Подшоҳии Нидерланд оид ба ҳамкории байналмилалии об Ҳенк Овинк дар бораи нақшаву ҳадафҳои Конфронси дуюми Душанбе ва Конфронси оби СММ-2023 маълумот пешниҳод намуданд.

«Ташаббуси чоруми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амалӣ мегардад. Мақсади ниҳоии мо ҷаҳонро барои об муттаҳид кардан аст», — иброз намуд Султон Раҳимзода.

«Суоле ба миён меояд, ки чаро дар Конфронси оби СММ-2023 соли оянда маҳз Тоҷикистон ва Нидерланд ҳамраисӣ мекунанд? Чунки Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор аст ва ҳамчунин кишвари дорои зиёди пиряхҳо мебошад. Недерланд бошад дар навбати худ мамлакатест, ки дар соҳили баҳр ҷой гирифтааст ва моро тамоман ду масъалаи гуногун ба ҳам меорад. Ин ду кишвар бо фарҳанги мухталиф, тараққиёти гуногунро танҳо масъалаи об бо ҳам наздик кард, то ки ба манфиати мардум ва об ҳамкорӣ намоянд. Мо ин равишро «From South to sea» номидем, ки барои раванди об муҳим мебошад», — афзуд Султон Раҳимзода.

«Ҳукумати Подшоҳии Нидерланд дар масъалаҳои об ва ташкили конфронси дуюм бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад. Дар давраи пандемия зарурати обро ҳама бори дигар ҳис карданд, зеро тавсияи духтурон, пеш аз ҳама, аз шустани дастон ва тозагӣ иборат буд. Мо бояд дар доираи ин ташаббусҳо оид ба тағирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он, аз ҷумла барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор амал кунем. Аз ҳамин лиҳоз зарур аст, ки мо дар масъалаи об муттаҳид бошем ва барои ҳалли ин масъалаи ҷаҳонӣ кушиш ба харҷ диҳем. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем ҳадафҳои пешгирифтаамонро амалӣ намоем. Албатта, ин кори осон нест, зеро об ҳаёт аст ва саломатии мо ҳам аз он вобастагӣ дорад», — гуфт Намояндаи махсуси Подшоҳии Нидерланд оид ба ҳамкории байналмилалии об Ҳенк Овинк .

Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор хоҳад шуд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 8, 2022 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»