РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон Форумҳои пешазконфронсӣ оғоз шуданд

Июнь 6, 2022 10:10

ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 июн, дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз 6 то 9 июни соли 2022 баргузор мегардад, панҷ Форуми конфронси пешазконфронсӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар толори «Дидор» — и Кохи Наврӯз Форуми ҷавонон ва кӯдакон оид ба масоили об  ҷараён дорад, ки дар он беш аз 200 намоянда  аз 33 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд,  ҳамчунин 900 нафар ба тариқи онлайн пайваст мешаванд.

Дар Кохи Ваҳдати пойтахт Форуми байналмилалии занон ва об дар мавзӯи «Гуногунии одилона ва фарогир — об моро муттаҳид мекунад» ба кори худ оғоз кард.

Ҳамчунин имрӯз «Форуми Осиёи Марказӣ – ҳамкориҳои минтақавӣ оиб ба масалаҳо об», «Форуми оби ҷамоатҳои маҳаллӣ ва мардуми бумӣ» ва «Об ва кӯҳҳо дар роҳи рушди устувор» доир мешаванд.

Бегоҳ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Наврӯзгоҳи»-и пойтахт Фестивали оби Душанбе баргузор мегардад.

Пайрав ҚОСИМ
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 6, 2022 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон