ДУШАНБЕ, 06.06.2022/АМИТ «Ховар»/. Бо афзудани аҳолии сайёра ва кам гардидани захираҳои оби нӯшокӣ имрӯзҳо мушкилоти об дар аксарияти давлатҳои сайёра мушоҳида мегардад. Бо дарки муҳимияти масъалаи мазкур тайи ду даҳсола Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба об пешсаф ва ташаббускор мебошанд.
Ин матлабро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар остонаи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе бо иштироки беш аз ду ҳазор намояндагони кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ ва олимону коршиносон доир мегардад, баён намуд.
Мавсуф дар идомаи суҳбат гуфт, ки «имрӯзҳо пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе макони баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд оид ба масъалаҳои марбут ба об гардидааст. Ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба «Соли 2003 — Соли оби тоза», «Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об» (соли 2013), «Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аксарияти кишварҳои ҷаҳон пазируфта, тибқи қарорҳои Маҷмааи Созмони Милати Муттаҳид дар тамоми ҷаҳон амалиёти мушаххас гузаронида шудаанд, таваҷҷуҳи сиёсатмадорони ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти об дар тамоми кишварҳои сайёра ҷалб гашта, барои тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт замина гузошта шуд».
Тибқи иттилои Баҳодур Шерализода, дар доираи баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» чорабиниҳои зиёде, аз қабил, Форумҳо, Фестивали об, Марафони глобалӣ, Намоишгоҳҳо ва дигар чорабиниҳои канорӣ пешбинӣ гардидааст, ки ҳадафашон доир намудани муколамаҳо оид ба ҳалли мушкилоти об, беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо об дар сайёра мебошад.
— Дар доираи чорабиниҳо ҳамчунин имконияти созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд барои сармоягузорӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои гуногун вобаста ба мушкилоти об афзун мегардад. Инчунин муаррифии захираҳои оби ҷумҳурӣ ва мушкилоти обшавии пиряхҳо аз таъсири гармшавии иқлим метавонад, ҳамчун яке аз масъалаҳои калидӣ баррасӣ гардад, — афзуд ӯ .
Баҳодур Шерализода хотиррасон кард, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист назорати давлатиро дар ҳифзи соҳаи мазкур, аз ҷумла дар самти ҳифзи захираҳои об амалӣ менамояд.
— Дар давоми семоҳаи аввали соли равон барои вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи об аз ҷониби нозирони Кумита ва мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист дар самти ҳифзи захираҳои об нисбат ба 660 нафар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.Самти дигари фаъолияти Кумита ин пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷалби аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои экологӣ, аз ҷумла дар самти об мебошад. Ин аст, ки ҳамасола фармоиши раиси Кумита «Дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил» оид ба амалигардонии нақша-чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба тавсиб мерасад. Дар давоми се моҳи соли 2022 бо иштироки 81817 нафар 272 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шудааст, ки дар натиҷа 553,47 км соҳилҳо аз партов тоза гардида, дар ҳаҷми 974,7 м3 партовҳо бароварда шудаанд. Ин тадбир имкон медиҳад, ки барои тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ мусоидат намояд ва барои баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ саҳм гузорад,- тазаккур дод раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Ба андешаи мавсуф, тамоюли гармшавии бошиддати иқлими сайёра имрӯзҳо ба ҳамаи кишварҳо таъсири худро расонида истода, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳишёбии захираҳои обӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мушкилоти экологӣ маҳсуб мешавад.
-Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим таъкид намуданд, дар се даҳсолаи охир қариб ҳазорҳо пиряхҳо ба нестӣ расиданд, ки боиси нигаронӣ мебошад, — таъкид кард ӯ.
«Бо дарназардошти оқибатҳои вазнини ин раванд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин чорабинии байналмилалӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар карда шавад. Масъалаҳои истифодаи захираҳои обӣ бо мушкилоти афзоиши аҳолии сайёра, тағйирёбии глобалии иқлим, буҳронҳои молиявӣ, энергетика ва озуқаворӣ алоқамандии зич доранд. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии ҳифзи пиряхҳо» қабул гардидааст, ки дар доираи татбиқи он як қатор чорабиниҳо барои ҳифзи пиряхҳо пешбинӣ гардидааст», — ёдовар шуд мавсуф.
Ба гуфтаи Баҳодур Шерализода, рушди соҳаи гидроэнергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди иқтисодиёти «сабз» ва дар ин замина пешгирии гармшавии иқлим саҳми босазо дорад. Чунончи дар Паёми соли 2022 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар баён шуд, Тоҷикистон аз ҳисоби партовҳои газҳои гулхонагӣ дар ҷойи 135 қарор дорад.
-Новобаста аз ин, Тоҷикистон, ҳамчун аъзои ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бо мақсади иҷрои созишномаҳои байналмилалӣ барои кам кардани газҳои гулхонагӣ саҳми худро гузошта истодааст.Рушди истеҳсоли энергияи «сабз», истифодаи автомобилҳои аз лиҳози экологӣ бехавф, технологияи муосир барои ҳалли ин мушкилот мусоидат менамояд, -илова кард номбурда.
— Умед аст, ки дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ҳусни тафоҳум барои ҳамкории бештар дар соҳаи об тақвият ёфта, дурнамои татбиқи он ба кулли кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон суботу шароити мусоиди экологиро фароҳам меорад, — гуфт дар анҷоми суҳбат Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар».
АКС: АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз