РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Зиёда аз 500 нафар намояндагони ВАО барои инъикоси кори Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд номнавис шудаанд

Июнь 6, 2022 09:27

ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Барои инъикоси кори  Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Пешбурди амал ва шарикӣ дар соҳаи захираҳои об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ», ки  6-9 июни соли 2022  дар Душанбе баргузор мегардад, зиёда аз 500 нафар намояндагони ВАО аз маҳалӣ ва хориҷӣ сабти ном шудаанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар макони баргузории конфронс маркази матбуотӣ ташкил шуда, дар он барои кори рӯзноманигорон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Барои Конфронси байналмилалии сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон котибот иборат аз 11 нафар таъсис дода шудааст. Ҳудуди 2000 меҳмони хориҷӣ, аз ҷумла намояндагони расонаҳои хориҷӣ сабти ном шуда, ширкати худро тасдиқ кардаанд.


Конфронси мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид  /СММ/ ва дигар шарикон  гузаронида шуда,  ба сифати маркази конфронси СММ оид ба Даҳсолаи миёнамуҳлати об (Ню-Йорк, 22-24 марти соли 2023) хизмат мекунад.

Сомонаи конфронс (http://www.dushanbewaterprocess.orgwww.dushanbewaterprocess.org), саҳифаҳо дар шабакаҳои иҷтимоии Twitter (@DWaterProcess) ва Facebook (Dushanbe Water Process) мунтазам бо иттилооти муҳим мукаммал мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 6, 2022 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон