Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказии ноҳияи Ҷайҳун шинос шуданд

Июнь 16, 2022 06:00

ДУШАНБЕ, 16.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказии ноҳия шинос шуданд.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки дар доираи Лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказии ноҳияи Ҷайҳун зиёда аз 4 километри он пурра асфалтпӯш карда мешавад. Ҳоло корҳои таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои маркази ноҳия бо истифодаи техникаҳои соҳавӣ ҷараён дорад. То имрӯз бештар аз як километр роҳ асфалтпӯш карда шуда,  кормандон барои иҷрои корҳои роҳсозӣ бо масъулияти ҷиддӣ фаъолият доранд.

Роҳҳои мошингарди марказии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон таъмир талаб гардида, ба талаботи замони ҳозира ҷавобгӯ нестанд. Бо назардошти ин бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби фармоишгар  Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳуурии Тоҷикистон роҳҳои автомобилгарди маркази ноҳияи Ҷайҳун таъмиру навсозӣ ва асфалтпӯш карда мешаванд.

Ин иқдом имконият фароҳам меорад, ки роҳҳои маҳаллӣ пурра навсозӣ гардида, маркази маъмурии ноҳия ободу зебо ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ таъмин гардад. Корҳои таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориёнсоз” иҷро мегарданд.  Дар рафти корҳои навсозии роҳ даҳҳо нафар бо ҷойи кор ҷалб шуда, бо маоши хуб таъмин гардидаанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо Лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршнамоии роҳҳои марказии ноҳияи  Ҷайҳун ба масъулони соҳа  ҷиҳати дар сатҳи баланд асфалтпӯш кардани роҳҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, изҳор доштанд, ки бояд корҳои роҳсозӣ  мутобиқ ба стандарти ҳозира ба иҷро расонда шаванд.

Зеро агар роҳҳо бо сифат бунёд, таъмиру навсозӣ ва асфалтпӯш карда шаванд солҳои тӯлонӣ мавриди истифодаи умум қарор мегиранд.
Муаррифии лоиҳаи таъмиру мумфаршнамоии роҳи марказии ноҳияи Ҷайҳун 16.06.2022

Июнь 16, 2022 06:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб
Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид