Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат

Октябрь 5, 2026 17:03

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи расидани номаҳои табрикӣ ба муносибати Зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи шодбошӣ ворид гардид, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Президент, Бародари азиз,

Ба муносибати зодрӯзатон аз номи миллатам ва шахсан худам аз сидқи дил табрик намуда, ба Ҷаноби Олӣ тансиҳатӣ ва умри дарози босаодат орзумандам.

Ман самимона боварӣ дорам, ки равобити наздики дӯстонаи мо, ки аз таърих, фарҳанг ва арзишҳои муштараки мо сарчашма мегирад, бо талошҳои муштарак ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар сатҳи бисёрҷониба боз ҳам таҳкиму васеътар хоҳад гардид.

Бинобар ҳамин аз истиқболи Шумо бародари гиромӣ дар кишварамон ҷиҳати иштирок дар Саммити роҳбарони СОР31, ки он санаҳои 11-12 ноябри соли 2026 дар шаҳри Анталия баргузор мегардад, хушнуд хоҳам гардид.

Бо истифода аз фурсати муносиб барои тансиҳативу саодатмандии Ҷаноби Олӣ ва рифоҳу осоиштагии мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон беҳтарин таманниётро мерасонам».

 

Воридшавии номаҳои табрикотӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.

Октябрь 5, 2026 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд