Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб

Октябрь 5, 2026 18:43

 5.10.2026, шаҳри Кӯлоб

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз мо дар шаҳри бостонии Кӯлоб – сарзамини ҷавонмардиву ҷасорат, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ғуруру ифтихори миллӣ тантанаҳои ниҳоии ҷашни бузурги давлатдории навини тоҷикон – 35-солагии истиқлоли давлатиро баргузор мекунем.

Ба ин муносибат хурду бузурги мардуми ватандӯсти шаҳри Кӯлобро самимона табрик мегӯям.

Имрӯз, ҳамчунин, мардуми шарифи Тоҷикистон боз як санаи муҳим – Рӯзи забони давлатиро, ки яке аз муқаддасоти миллӣ ва аз ҷумлаи арзишҳои зиндагисози миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад, таҷлил менамоянд.

Ҳамаи шуморо ба ифтихори ин ҷашн низ самимона табрик мегӯям.

Сиву панҷ сол пеш миллати тоҷик ба ормони ҳазорсолаи    худ – соҳиб гардидан ба давлати мустақилу соҳибихтиёр расид.

Дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ мо тавонистем бо заҳмати шабонарӯзӣ ва иродаи бузурги мардуми шарифи тоҷик пояҳои давлатдории миллии худро таҳким бахшем, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро барқарор созем, заминаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии давлатро устувор намоем ва Тоҷикистони маҳбубамонро ба кишвари рӯ ба пешрафт ва соҳиби обрӯи шоиста дар арсаи байналмилалӣ табдил диҳем.

Имрӯз бо ҳисси ифтихору қаноатмандӣ изҳор медорем, ки ҳамаи дастовардҳои мо – аз бунёди роҳу пулҳо, неругоҳҳо ва корхонаҳо то рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ба маротиб беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум самараи ҳамин неъмати бузург, яъне истиқлолу озодӣ ва заҳмати содиқонаи мардуми Тоҷикистон, вилояти Хатлон, аз ҷумла сокинони ватандӯсти шаҳри Кӯлоб мебошанд.

Шаҳри бостонии Кӯлоб бо гузаштаи пурифтихори худ дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад.

Ин сарзамини куҳанбунёд аз қадим яке аз марказҳои муҳимми тамаддун ва фарҳанги миллии тоҷикони ориёӣ буда, имрӯз низ дар муаррифии арзишҳои моддиву маънавии миллати мо барои ҷаҳониён нақши басо арзишманд дорад.

Яъне мехоҳам бо ифтихор иброз намоям, ки сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб рисолати муқаддаси меросбари таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷикро бо сарбаландӣ иҷро карда истодаанд.

Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани даҳҳо ёдгории таърихиву фарҳангии вилояти Хатлон таҳти номи «Хутали қадим» эътирофи байналмилалии фарҳангу тамаддуни куҳани ин диёри бостонии тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳамаи мо хуб дар ёд дорем, ки дар рӯзҳои ниҳоят ҳассосу сарнавиштсози солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мардуми сарбаланду ватандӯсти вилояти Хатлон, махсусан, ҷавонмардони ғаюру далер ва бонангу номуси шаҳри Кӯлоб барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ва таҳкими сулҳу субот дар кишварамон саҳми беназир гузоштанд.

Ҳукумати мамлакат ва мардуми Тоҷикистон фидокориву хизматҳои содиқонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намесозанд.

Такроран таъкид менамоям, ки шаҳри бостонии Кӯлоб бо таърихи беш аз 2700-солаи худ яке аз марказҳои қадимтарини тамаддуни миллати ориёии тоҷик мебошад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Кӯлоб бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқонаву созандаи сокинонаш хеле ободу пешрафта ва симои он куллан дигаргун гардид.

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб то 1-уми октябри соли 2026-ум 493 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи пешбинишуда зиёд мебошад.

Имрӯз дар ҷараёни сафари кории мо 41 иншооти дигар ба истифода дода шуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 3 миллиарду 900 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Дар ин давра ба иқтисодиёти шаҳр, дар маҷмуъ, як миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст.

Илова бар ин, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, роҳу энергетика ва дигар бахшҳо 25 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб ҳолати мелиоративии як ҳазор гектар замин беҳтар гардида, қубурҳои обгузар сохта, ба истифода дода, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода шудаанд.

Танҳо соли 2026 барои маблағгузории соҳаи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр 16 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Тибқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар рушди саноат дар шаҳри Кӯлоб бояд ба омили пешрафти иқтисодӣ, шуғли устувор ва афзоиши даромади аҳолӣ табдил дода шавад.

Ҳоло дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар ҳашт моҳи соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 18 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ беҳтар намудани шароити манзилии аҳолии шаҳр низ таҳти таваҷҷуҳи доимӣ қарор дода шуд.

Дар ин давра дар шаҳри Кӯлоб хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати умумии 618 ҳазор метри мураббаъ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Ба зиёда аз 8 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудаанд.

Ҳамчунин, дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 53 бинои муассисаи таълимӣ бо 17 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Соли 2026 сохтмони боз 20 бинои муассисаи таълимӣ бо беш аз 7 ҳазор ҷойи нишаст идома дорад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳр 84 муассисаи тандурустӣ бунёд ва ба истифода дода шудааст.

Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат анҷомгардида ва беҳтар шудани шароити зиндагӣ аҳолии шаҳр аз 142 ҳазор нафари соли 1991 ба зиёда аз 244 ҳазор нафар дар нимсолаи аввали соли 2026 расидааст, яъне 1,7 баробар афзудааст.

Бояд гуфт, ки дар ободонии шаҳри бостонии Кӯлоб, хусусан, дар давраи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ сокинони заҳматдӯсти шаҳр, соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша саҳми арзишманд гузоштанд, ки ба ҳамаи онҳо миннатдории самимӣ баён менамоям.

Рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дорад ва чунин дастгириҳо дар доираи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ минбаъд низ идома дода мешаванд.

Хотирнишон месозам, ки ҳанӯз соли 1999 роҳи оҳани   Бохтар – Кӯлоб ба масофаи 132 километр сохта, ба истифода дода шуд.

Баъдан фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб таҷдиду азнавсозӣ ва соҳиби мақоми байналмилалӣ гардид ва ҳоло корҳои ободонӣ дар ҳудуди он бомаром идома доранд.

Имрӯз мо дар ҳудуди шаҳр 29 иншооти навбунёди таъиноти гуногун, аз ҷумла 2 пули мошингузар дар масири роҳи Гулистон – Кӯлоб ба дарозии 233 метр ва роҳҳои дохили шаҳрро, ки бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ба масофаи 63 километр азнавсозӣ шудаанд, ифтитоҳ карда, санги асоси бунёди роҳи Гулистон – Кӯлоб ба дарозии 33 километр ва ба маблағи 720 миллион сомонӣ, роҳи таворавии Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин ба масофаи 12 километр (300 миллион сомонӣ) ва якчанд корхонаҳои саноатиро гузоштем.

Итминон дорам, ки бунёди иншооти зикршуда дар вақтҳои наздиктарин ба анҷом расида, ба ободиву пешрафти боз ҳам бештари шаҳр мусоидат мекунанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Қобили таъкид аст, ки ҳунармандони шаҳри бостонии Кӯлоб ҳамеша аз фарҳанги ғановатманди тоҷикон ба таври шоиста намояндагӣ карда, нуфузу эътибори онро дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ баланд мебардоранд.

Бо қаноатмандӣ мехоҳам иброз намоям, ки имрӯз унсурҳои камназири фарҳанги мардуми Кӯлоб, аз ҷумла фалак ва чакан тоҷиконро ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Бовар дорам, ки сокинони ин шаҳри бостонӣ минбаъд низ расму ойинҳо, суннату анъанаҳои миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, раванди созандагиву бунёдкориро бо ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстиву ватандорӣ идома медиҳанд ва дар ҷодаи ободии диёри худ ва Тоҷикистони соҳибистиқлоли маҳбубамон ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегарданд.

Бо умеди ободиву пешрафти минбаъдаи шаҳри бостонии Кӯлоб бори дигар мардуми шарафманду фарҳангпарвар ва бонангу номуси ин диёри шуҳратмандро ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ самимонаву сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо саломативу хушҳолӣ ва иқболи неку саодатмандӣ орзу менамоям.

Зиндаву поянда бод Тоҷикистони соҳибистиқлол, шараф ба миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ва мардуми ватандӯсту фарҳангсолори шаҳри бостонии Кӯлоб!

Октябрь 5, 2026 18:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Идомаи вуруди табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Зодрӯзи Пешвои миллат
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои роҳ ва пулҳои мошингард дар минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд