Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.
Дар оғози суҳбат Президенти Узбекистон Сарвари давлати моро нахустин шуда занг заданд, ба муносибати Зодрӯзашон самимона табрику таҳният гуфта, ба Пешвои миллат сиҳатмандии комилу дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин орзу намуданд.
Дар идомаи суҳбат Сарони ду кишвар ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карда, аз идомаи талошҳои муштарак ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Узбекистон ҷонибдорӣ намуданд.
Зимни суҳбат ҳамзамон оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд






