Sputnik: Русия ба Тоҷикистон дар ҳалли мушкили обшавии пиряхҳо кумак хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Русия ба Тоҷикистон кумаки машваратии олимонро дар ташкили мониторинги яхбандии абадӣ пешниҳод кардааст. Ин ибтикор аз ҷониби Вазири захираҳои табиӣ ва экологияи Федератсияи Русия Александр Козлов садо дод, хабар медиҳад агентии иттилооти Sputnik.
Қаблан Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумиати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Александр Козлов дар чаҳорчӯби Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028, ки рӯзҳои 6-9 июнь дар Душанбе баргузор шуд, мулоқот карда буд. Дар ин нишаст Шерализода ва Козлов ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи муҳити зистро баррасӣ карданд.
Намояндаи Русия гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон «ба нақша гирифтааст, ки кор дар пиряхҳоро оғоз кунад». Обшавии онҳо мушкилӣ пеш хоҳад овард», таъкид кард ӯ.
«Пешниҳод кардем, ки таҷрибаи худ оид ба ташкили мониторинги яхбандии абадиро мубодила кунем. Мо аллакай ба ин кор машғулем ва ҳоло системаи давлатии мониторингро таъсис дода истодаем, ки он 140 истгоҳи назорати ҳолати яхбандии абадиро дарбар хоҳад гирифт», — афзуд Козлов.
Ӯ Шерализодаро ба Санкт-Петербург, ба Пажӯҳишгоҳи илмии Арктика ва Антарктикаи Росгидромет даъват кард, ки дар он мутахассисон омодаанд таҷрибаи кор бо яхбандии абадиро мубодила кунанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҶТ/АМИТ «Ховар»








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






