ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 июн, якшанбе, 177-умин рӯзи соли 2022 аст

Июнь 26, 2022 08:00

26 июни соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ ва доир намудани машварати корӣ бо фаъолони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара рафтанд.

***

8 сол пеш, 26 июни соли 2014 дар  Малайзия  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз корхонаи мошинсозии «Протон» дидан карда, бо фаъолияти он бевосита шинос шуданд. Зимни боздид ҳамчунин оид ба ташкили ҳамкории ин корхона бо Тоҷикистон гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба муносибати 18-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат мулоқот ва оид ба арзишҳои волои сулҳу оромӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон андешаронӣ намуданд.

 26 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ ва гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир.

 ***

Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

***

Дар Мадагаскар — Рӯзи истиқлолият.

 РӮЙДОДҲО:

26 июни соли 2009 хатти аввали фабрикаи ғанигардонии маъдани ҶММ «Ширкати саноати маъдани Тоҷикистону Чин» ба истифода дода шуд.

***

 26 июни соли 2010 дар шаҳри Нью-Йорк дар синни 85 Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шоиста Муллоҷонова аз олам даргузашт.

***

Дар ин рӯзи соли 2011  дар шаҳри Душанбе аввалин Ҷашнвораи байналмилалии асбобҳои мусиқии «Навои арғунун» баргузор гардид.

***

26 июни соли 2014 миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

39 сол муқаддам, 26 июни соли 1982 Лигаи миллии футболи Америка кокаинро таҳдидкунандаи асосии варзиш номид.

***

26 июни соли 1995 дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия ба автомобили Президенти Миср Ҳуснӣ Муборак тир парронда шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1919 аввалин шумораи рӯзномаи «Ню-Йорк Дейли Нюс» ба нашр расид.

***

Соли 1976 дар шаҳри Торонтои Канада баландтарин бино дар ҷаҳон — Бурҷи миллии Канада (Canadian National Tower) бо баландии 553 метру 34 см сохта шуд.

 

Июнь 26, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш