Ташкилоти ҷамъиятии «Олимпичиёни Тоҷикистон» таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 29 июн дар идомаи таҷлили Рӯзи байналмилалии олимпӣ, дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ) Конфронси якуми Ташкилоти ҷамъиятии «Олимпичиёни Тоҷикистон» доир гашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа 11 нафар иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Муҳаммадшо иштирок карданд.
Зикр шуд, ки то ин замон Ассотсиатсияи олимпичиёни Тоҷикистон дар назди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон фаъолият дошт ва бо тавсияи Ассотсиатсияи ҷаҳонии олимпичиён тасмим гирифта шуд, ки ташкилоти алоҳидаи олимпичиён таъсис дода шавад.
Дар ҷаласа иштирокчиён оиннома ва нишони ташкилотро баррасӣ ва тасдиқ намуданд. Ҳамчунин бо ҷонибдории аъзои конфронс директори генералии КМОТ, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева раиси ТҶ «Олимпичиёни Тоҷикистон» ва иштирокчии Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Фарҳод Неъматов котиби генералӣ интихоб шуданд.
Дар асоси оиннома вазифаи «Олимпичиёни Тоҷикистон» муттаҳид кардани иштирокчиёни Бозиҳои олимпӣ, намояндагӣ кардани онҳо ва қонеъ кардани ниёзҳои онҳо дар тӯли ҳаёт, инчунин рушд додани олимпизм мебошад.
Ба олимпичиён сертификати Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон тақдим шуд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






