Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона дастаи Амороти Муттаҳидаи Арабро мағлуб намуд
ДУШАНБЕ, 03.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии аввали дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар вохӯрӣ дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дастаи мунтахаби ҷавонони Амороти Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби калони 3:1 мағлуб намуд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Голҳоро дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Салам Ашӯрмамадов, Азизбек Ҳайитов ва Меҳроб Асоев ба ҳадаф расониданд. Голи ягонаи меҳмононро Ал-Ҷуниби Ҳазза ба нишон расонид.
Ёдовар мешавем, ки 4 июн дастаҳои мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар Душанбе вохӯрии дуюми дӯстона анҷом медиҳанд. Дидори дастаҳо соати 20:00 оғоз мешавад.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «I» баромад мекунад. Дастаҳои Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур ҳарифони ҷавонони мо мебошанд. Даври интихобӣ аз 14 то 18 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад.
Ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегиранд, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 1 то 18 марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Акс: ФФТ








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






