Вакили Маҷлиси намояндагон Солеҳа Холмаҳмадзода: 35 фоизи сокинони Тоҷикистонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд

Июнь 1, 2022 16:10

ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кӯдакон ояндаи давлату миллат буда, дорои ҳуқуқанд ва вобаста ба синнашон ба ҳимоя ниёз доранд. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала Ҳукумати Тоҷикистон аз ибтидои давраи истиқлоли давлатӣ Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварамонро бо муқаррароти онҳо мутобиқ намудааст. Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон аз рӯи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, имрӯз 35 фоизи сокинони мамлакатро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд ва онҳо таҳти ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Дар ин мавзӯъ зимни таҷлили  Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Солеҳа Холмаҳмадзода андешаҳояшро ба АМИТ «Ховар» иброз намуд.

Мавсуф гуфт, ки кӯдакон ба ҳуқуқ ва  ҳимоя  ниёз доранд. Аҳамияти  ҳимояи афзалиятноки  манфиатҳои кӯдакон  ҳамчун принсипи ҳуқуқи оилавӣ  ба расмият дароварда шудааст. Принсипи дигари муҳими ҳуқуқи оилавӣ-  ин ҳуқуқи кӯдак барои зиндагӣ ва тарбия гирифтан  дар оила мебошад. Ҳамзамон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар сатҳи конститутсионӣ (моддаҳои 33-34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба  кӯдакон ҳимояи махсус аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Чунин меъёр тамоман табъиз нест, балки ҳамчун қонуният амал карда, ба талаботи адолат ҷавобгӯ мебошад ва  аз ҷониби давлат дастгирӣ карда мешавад.

Тавре Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд, «…кӯдакон ва наврасоне, ки ба синни балоғат нарасидаанд, пеш аз зиндагии мустақилона бояд дар иҳотаи ғамхории доимии мақомоти масъули давлатӣ бошанд».

Кӯдаконе, ки бидуни  парастории  волидон  мондаанд, қисми осебпазири ноболиғон буда, бинобар ҷалб нагардидан ба раванди таълим метавонанд объекти амалҳои ғайриқонунӣ бошанд, зеро  намояндаи қонунии худро надоранд, ки ҳуқуқ ва манфиатҳояшонро ҳимоя намояд.

Вобаста ба ин, зарурати ҳифзи муносиби ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакони бепарастор ба миён омадааст, ки бидуни фаъолияти фаврии мақомоти васоят ва парасторӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони муассисаҳои таълимӣ ва шахсони манфиатдор ғайриимкон аст. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2011 Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» ва   Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи кӯдак»-ро соли 2015 қабул кард, ки он  масъулияти волидайн ва шахсони  онҳоро ивазкунандаро пурзӯр кард.

 

Ғайр аз ин, таҳлили амиқ ва ҳамаҷонибаи меъёрҳои Кодекси оила, Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», Қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи кӯдак», Низомнома дар бораи мақомоти васоят ва парасторӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки заминаи ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки бе парастор мондаро  дар бар мегиранд, зарур аст.

Солеҳа Холмаҳмадзода афзуд, ки аз ҷониби мақоми олии қонунгузори кишвар- Парлумони Тоҷикистон дар ин самт якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  қабул гардиданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқукҳои кӯдак», Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моддаҳои 122-158-и  он бевосита ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бахшида шудаанд.

Дар ин санадҳо ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ба зиндагӣ, озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ, ҳифзи саломатӣ, шахсият, озодии сухан ва виҷдон, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, моликият, манзил, таҳсил, меҳнат, истироҳат ва фароғат, ҳуқуқи кӯдак ба зиндагӣ ва тарбия дар оила ва ғайраҳо дарҷ гардида, давлат ҳамаи ин ҳуқуқҳоро барои кӯдакон муқаррар намудааст.

Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷойи  кор ва беҳтар намудани вазъи моддии кӯдакон аз ҷониби Ҳукумати кишвар то ба имрӯз тадбирҳои зиёде андешида шудаанд.

Инчунин Ҳукумати Тоҷикистон меъёрҳои байналмилалиро оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва озодии кӯдакон қадам ба қадам амалӣ мегардонад.

Ба ҷомеаи мутамаддин аз рӯи меъёре баҳо медиҳанд, ки дар он нисбат ба ниёзмандтарин қишри ҷомеа, яъне кӯдакони ятиму маъюбон ва мӯйсафедон чӣ гуна муносибат мекунанд. Аз ин рӯ, танҳо саъю талоши дастҷамъонаву муштараки ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳар шаҳрванди мамлакат метавонад ба зиндагии фарзандони кишвар хушбахтӣ ва оромиву осудагӣ бахшад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҷиҳати рушду такомул ва зиндагии шоистаи кӯдакон садҳо муассисаҳои томактабиву миёнаи дорои тамоми шароит, майдончаҳои варзишиву бахшҳои гуногуни варзишӣ аз рӯи намудҳои гуногуни ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ, баргузории озмунҳои гуногуни илмиву бадеӣ, ки дар ташаккули зеҳнияти кӯдакон саҳми бориз гузошт, ташкил гардидаанд.

          Акс: МН МО ҶТ

 

Июнь 1, 2022 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид