Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар панели «Неруи барқ дар давраи тағйирот» иштирок кард
ДУШАНБЕ, 21.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни иштирок дар ҷаласаи панели «Неруи барқ дар давраи тағйирот», ки дар доираи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург баргузор гардид, оид ба ҳадафҳои стратегии ба кор андохтани иқтидори нави энергетикӣ асосан аз ҳисоби бунёди неругоҳҳои барқии обӣ суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа рушди босуръати соҳаи энергетикаро дар кишвар шарҳ дода, оид ба ислоҳоти соҳа изҳори назар намуд.
Ў дар бораи таҷдиди сохтори ШСХК «Барқи Тоҷик» ба се корхонаи ҷудогонаи истеҳсол, интиқол ва тақсимоти нерӯи барқ ёдовар шуда, ҳадафҳои стратегии ба кор андохтани иқтидорҳои нави энергетикиро асосан аз ҳисоби бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, инчунин нақшаҳои наздиктарини Тоҷикистон дар соҳаи рушди энергетикаи офтобу шамол маълумот дод.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин губернатори вилояти Челябинск Александр Текслер, Вазири энергетикаи Федератсияи Русия Николай Шулгинов, Директори генералӣ, раиси Раёсати ҶСП «Россети» Андрей Рюмин, раиси Раёсати ҶСК «Оператори системавӣ», «Системаи ягонаи энергетикӣ» Федор Опадчий, раиси Раёсат, директори генералии ҶСП «РусГидро» Виктор Хмарин ва дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ширкат ва суханронӣ намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






