Вазири неруи Эрон муҳимияти конфронси Душанберо оид ба об барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 08.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 июн Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Меҳробиён, ки ҳамзамон ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии байни Тоҷикистону Эрон мебошад, мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни гуфтушунид ҳамсуҳбатон дар мавриди аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманди миёни ду кишвар, инчунин роҳҳои муассири амалисозии тавофуқҳои дар рафти сафари расмии ахири Президенти кишвар ба Эрон ҳосилшуда, табодули назар карданд.
Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиакбар Меҳробиён ва ҳайати ҳамроҳонаш барои иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Душанбе қарор доранд.
Дар фарҷоми суҳбат Вазири нерӯи Эрон муҳимияти баргузории ин конфронсро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баланд арзёбӣ намуда, ҷониби тоҷикистониро барои баргузории ин чорабинӣ дар сатҳи баланд ситоиш намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






