ВОЛЕЙБОЛ. Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ бо иштироки дастаҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон идома дорад

Июнь 17, 2022 09:20

ДУШАНБЕ, 17.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба волейбол миёни ҷавонони то 23-сола оғоз гардид, ки он то 20 июн идома меёбад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре котиби генералии Федератсияи волейболи Тоҷикистон Муҳиб Латипов иттилоъ дод, дар мусобиқаи мазкур  дастаҳои волейболи Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон ширкат доранд.

Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар ду давр баргузор мешавад. Дастаҳо миёни ҳам ду бозигӣ анҷом медиҳанд. Дар рӯзи аввал – 15 июн Тоҷикистону Қазоқистон сабқат карданд ва дастаи Қазоқистон бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Имрӯз, 17 июн Узбекистон бо Тоҷикистон вомехӯрад.  18 июн Тоҷикистон бо Узбекистон, 19 июн Қазоқистон бо Узбекистон ва 20 июн Тоҷикистон бо Қазоқистон бозӣ мекунанд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июнь 17, 2022 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд