АМАЛИЁТИ «КОРД». Дар Душанбе фурӯшандагони силоҳи сард дастгир гардиданд

Июль 1, 2022 09:45

ДУШАНБЕ, 01.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе дар натиҷаи баргузории амалиёти шартии «Корд» ду нафар паҳнкунандагону фурӯшандагони силоҳи сард дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир ва аз онҳо шумораи зиёди кордҳои гуногунтамға ва электрашокеру дигар намуд силоҳҳои сард дарёфту мусодира карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикитсон Сироҷиддин Шукуров хабар дод.

Аз ҷумла, аз шаҳрванд Музаффаров Амир Муродович соли таваллудаш 18 майи соли 1998, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Қулписта зимни азназаргузаронӣ аз дўкони номбурда, воқеъ дар бозори «Варзоб» 16 адад кордҳои гуногунтамға ва як адад электрашокер дарёфту мусодира карда шуд. Инчунин аз шаҳрванд Алимбоев Алишер Алиевич санаи таваллудаш 6 апрели соли 1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Навбаҳор, соҳибкори бозори «Ганҷина» 3-адад электрашокер ва 7 адад кордҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда дарёфту мусодира карда шуд.

Нисбат ба ин ду нафар фурӯшанда-паҳнкунандагони силоҳҳои сард маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасӣ ба Суд ирсол гардид.

Ҳамзамон зимни ҷараёни амалиёти мазкур дар маҳаллаи Яккачинор шаҳрванд Қаюмов Неъмат Назруллоевич, санаи таваллудаш 17 апрели соли 1993, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Испечак-2, қаблан бо моддаи 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва бо корд мусаллаҳ ба кӯчагардӣ машғул буд, дастгир ва аз ӯ як адад корд ҳамчун далели шайъӣ мусодира карда шуд. Нисбат ба номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз таъйин карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки бо худ гардонидани корд аз ҷониби ноболиғон боиси ташвиш аст. Дар ҷараёни амалиёти шартии «Корд» ду нафар ноболиғон низ дастгир ва аз яке аз онҳо як адад электрашокер ва аз дигарӣ як адад корд гирифта шуд.

Вобаста ба ин нисбат ба волидайни ноболиғон тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати баррасӣ ба Суд ирсол карда шуд.

Қобили зикр аст, ки дар ҷараёни як рӯзи баргузории амалиёти мазкур дар маҷмӯъ 24 адад кордҳои гуногунтамға, 4 адад электрашокер ва як адад кастет дарёфту мусодира карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи баргузории амалиёти шартии «Корд» аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе давоми 4 соли охир шумораи зиёди силоҳи сард, аз ҷумла кордҳои гуногунтамға, кастет, дубинка, электрашокер ва дигар намудҳои силоҳи сард мусодира ва нафарони паҳнкунандаву ноболиғону ҷавонони силоҳбадаст дастгир ва ба ҷавобгарӣ ҷалб гардидаанд, ки ба ин васила то андозае пеши роҳи содиршавии ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнин бо истифода аз силоҳи сард гирифта шуд.

Вобаста ба ин, аз кулли шаҳрвандон, махсусан сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе тақозо карда мешавад, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандони худ бетафовут набошанд, ҳамзамон бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнин бо истифода аз силоҳи сард ба мақомоти милитсия кӯмак намоянд.

Мақомоти милитсияи пойтахт минбаъд низ дар марҳилаҳои навбатӣ амалиёти мазкурро то пурра решакан намудани ин омили номатлуб идома медиҳад.

АКС: РВКД дар ш. Душанбе

Июль 1, 2022 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад