БА ПЕШВОЗИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Кӯлоб беш аз 450 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мешаванд
КӮЛОБ, 20.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб сохтмони беш аз 450 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки қариб 100 адади он то охири соли 2022 мавриди истифода қарор дода мешавад.
Тавре сармеъмори шаҳри Кӯлоб Қурбон Аҳмадзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, айни замон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ соҳибкорони маҳаллӣ дар дохили шаҳр хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои хизматрасонӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти таъйиноти гуногун бунёд намуда истодаанд, ки ба ин восита барои садҳо нафар сокинони шаҳр ҷойи нави кор ва шароити созгори зиндагӣ муҳайё мегардад.
ҶДММ «Фаридун» дар кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳр корҳои сохтмониро дар бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 барои 240 ҷои нишаст дар як баст идома дода истодааст. Ҳоло дар ин иншоот 15 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъминанд. Сохтмончиён ошёнаи якуми биноро ба анҷом расонида, корҳои сохтмониро дар ошёнаи дуюм идома дода истодаанд.
ҶДММ «Ниагара-А» дар маҳаллаи ҳаштуми Ҷамоати деҳоти Кӯлоб ба сохтмони бинои муассисаи томактабӣ барои 300 нафар кӯдак машғул мебошад. Дар ин иншоот 14 нафар мутахассисон ва техникаи соҳавӣ фаъолият доранд. Дар ҳамин маҳалла сохтмони бинои филиали Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф дар шаҳри Кӯлоб бо фармоиши Филиали раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «Давлатманд» идома дорад.
Дар баробари сохтмони иншоот мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба беҳтар намудани инфрасохтори дохили шаҳр ва маҳаллаҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Дар айни замон садҳо метр роҳҳои пиёдагарди шаҳр сафолакпӯш карда шуда, як қисми масолеҳи сохтмонӣ дар таъмири роҳҳои мошингард ва пиёдагарди маҳаллаҳо истифода мешавад. Дар маҳаллаҳои навбунёд садҳо метр роҳҳо сангфарш ва пояҳои чӯбини хатҳои барқ ба пояҳои оҳану бетонӣ иваз карда шудаанд.
Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, бо ҷалби соҳибкорон дар ҷамоатҳои деҳот сохтмони боз чанд иншооти дигар дар назар аст.
Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






