БАЪДИ СУПОРИШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ. Дар Тоҷикистон тамоюли пастшавии сатҳи ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 01.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар 5 моҳи соли 2022 ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст. Аз моҳи январ то майи соли равон дар ҷумҳурӣ беш аз 10 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 11% камтар аст. Дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе афзоиши кирдорҳои ҷиноятӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,3 фоизро ташкил додааст.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, коҳиш ёфтани теъдоди ҷиноятҳо на танҳо дар пойтахт, балки дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ ба мушоҳида мерасад. Аз ҷумла, шумораи кўштор ва сўиқасд ба одамкушӣ 30 %, таҷовуз 6,3 %, роҳзанӣ 40 % ва дуздӣ 19,4 фоиз кам шудааст. Дар маҷмӯъ, аз моҳи январ то моҳи майи соли равон дар Тоҷикистон 2179 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод нисбат ба 5 моҳи соли 2021 4,6% камтар аст.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, моҳи марти соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон дастур доданд, ки чораҳои мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла фурӯши ғайриқонунии заминро пурзӯр намояд.
«Бо мақсади пешгирӣ аз қабули қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба замин санҷишҳои прокурориро пурзӯр кардан зарур аст», — омадааст дар қароре, ки Раиси палатаи болоии Парлумони мамлакат имзо кардааст.
Дар қарори мазкур таъкид шудааст, ки Прокурори генералӣ муваззаф шудааст, ҳар нимсола аз натиҷаи санҷишҳои мазкур ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
Қаблан Рустами Эмомалӣ дар назди мақомоти прокуратураи кишвар ҷиҳати пешгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, таъмини амнияти иттилоотии Тоҷикистон ва пурзӯр намудани назорат аз болои ҳуқуқвайронкунии ҷавонон, бахусус задухурди гурӯҳӣ ва кордзанӣ вазифаҳои мушаххас гузошта буданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи Прокурори генералиро ба афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва беэътимод будани баъзе маълумоти оморӣ дар бахши кишоварзӣ ҷалб намуданд.
Рустами Эмомалӣ аз мақомоти прокуратура тақозо карданд, ки дар самти қочоқи инсон ва маводи мухаддир тадбирҳои муассир андешанд. Раиси Маҷлиси миллӣ ҳамчунин дастур додаанд, ки ба шиканҷа нисбат ба боздоштшудагон бо гумони содир кардани ин ё дигар ҷиноятҳо ва ҳамчунин шахсоне, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд, хотима дода шуда, амалҳои ғайриқонунӣ дар сафи артиши мамлакат пешгирӣ карда шаванд.
АКС: Маркази матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






