Барои ғолибони Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук дар ИМА ҷоизапулӣ ба миқдори калон гузошта мешавад

Июль 14, 2022 17:13

ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз 15 то 24 июли соли 2022 дар шаҳри Юҷини штати Орегони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук-2022 баргузор мегардад. Барои ғолибони Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук ҷоизапулӣ дар ҳаҷми калон гузошта мешавад. Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон иттилоъ дод.

Ҷоизапулӣ барои ғолибон ба тариқи зайл хоҳад буд:

Мусобиқаҳои инфиродӣ

Тилло: 70 000 доллари ИМА

Нуқра: 35 000 доллари ИМА

Биринҷӣ: 22 000 доллари ИМА

Ҷойи чорум: 16,000 доллари ИМА

Ҷойи панҷум: 11,000 доллари ИМА

Ҷойи шашум: 7000 доллари ИМА

Ҷойи ҳафтум: 6000 доллари ИМА

Ҷойи ҳаштум: 5000 доллари ИМА

Эстафетаҳо (дастаӣ)

Тилло: 80 000 доллари ИМА

Нуқра: 40 000 доллари ИМА

Биринҷӣ: 20 000 доллари ИМА

Ҷойи чорум: 16,000 доллари ИМА

Ҷойи панҷум: 12 000 доллари ИМА

Ҷойи шашум: 8000 доллари ИМА

Ҷойи ҳафтум: 6000 доллари ИМА

Ҷойи ҳаштум: 4000 доллари ИМА

Илова бар ин варзишгароне, ки рекорди ҷаҳонӣ мегузоранд, 100 000 доллари ИМА ҷоиза мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон аз рӯи 49 мусобиқа (48 мусобиқа миёни мардон, 48 мусобиқа миёни бонувон ва 1 мусобиқаи омехта) баргузор мешавад, ки дар он 1900 варзишгар аз 200 давлати дунё ширкат мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин чемпионат иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев дар дав ба масофаи 100 метр намояндагӣ мекунад. Мусобиқаи дав ба масофаи 100 метр миёни мардҳо дар Юҷин рӯзҳои 15-16 июли соли равон доир мегардад.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июль 14, 2022 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд