БОКС. Варзишгари тоҷик Анушервон Ақназаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон медали биринҷӣ ба даст овард
ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қустанайи Қазоқистон дар Мусобиқаи байналмилалии бокс миёни наврасон варзишгари тоҷик Анушервон Ақназаров дар вазни 67кг медали биринҷӣ ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Анушервон Ақназаров дар даври аввал бар варзишгари мизбон Максим Штро, дар чорякфинал бар варзишгари дигари мизбон Абилай Сман пирӯз гардид, вале дар нимфинал аз намояндаи Узбекистон Ҷавоҳир Уматалиев мағлуб шуд
Мусобиқаи мазкур 13-17 июл ба поси хотири бародарон Урал ва Корган Айтановҳо баргузор карда шуд, ки дар он
беш аз 100 нафар варзишгарон аз давлатҳои Қазоқистон, Покистон, Тоҷикистон, Полша, Қирғизистон, Узбекистон ва Ироқ иштирок намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро 7 варзишгар — Асламҷон Қурбонов (54кг), Абубакр Муродов (60кг), Олимҷон Орифзода (63.5кг), Абдураҳим Ёқубов (63.5кг), Анушервон Ақназаров (67кг), Дилшодхон Саидаҳмадов (67кг) ва Нурланбек Эрматов (75кг) намояндагӣ карда, ба гирифтани як медали биринҷӣ даст ёфтанд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






