ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022. Пагоҳ дар Душанбе ғолиби ин мусобиқа миёни дастаҳои мунтахаби занона муайян мешавад

Июль 19, 2022 08:23

ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ғолиби нахустин мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби занона дар даври ниҳоӣ 20 июли имсол дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе муайян хоҳад шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Пас аз даври навбатӣ дастаҳои мунтахаби  занонаи Узбекистон ва Эрон, ки нуҳимтиёзӣ ба даст овардаанд, пешсафи ҷадваланд. Дар даври ниҳоӣ ин ду даста бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Барои ба даст овардани медалҳои тилло дастаи  мунтахаби Узбекистонро ҳисоби мусовӣ қаноатманд мекунад, дар ҳоле, ки   ба дастаи мунтахаби  Эрон танҳо пирӯзӣ лозим аст.

Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол имконияти барои медалҳои биринҷӣ мубориза бурдан дорад. Барои зинаи сеюм дастаи Юсуф Рабиевро зарур аст, ки дар даври охир  дастаи мунтахаби  Қирғизистонро мағлуб кунад. Натиҷаи дигар дастаи мунтахаби  занонаи Тоҷикистонро дар зинаи охирини ҷадвали мусобиқа қарор медиҳад.

Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои миллии занона

Даври 4

Эрон – Туркманистон – 4:0

Голҳо: Ҳастӣ Фурӯзанда, 4 (1:0). Малика Мутаваллитоҳир, 28 (2:0). Афсона Чатренур, 70 (3:0). Муҳаддише Зулфӣ, 74 (4:0).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Афсона Чатренур (Эрон).

17 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.

Қирғизистон – Узбекистон – 0:7

Голҳо: Нилуфар Қудратова, 7 (0:1). Зиёда Ирисбоева, 11 (0:2). Нилуфар Қудратова, 41 (0:3). Мадина Ҳикматова, 45+1 (0:4). Зиёда Ирисбоева, 57 (0:5). Диёрахон Ҳабибуллоева, 78 (0:6). Заррина Маматкаримова, 82 (0:7).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Нилуфар Қудратова (Узбекистон).

17 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.

Дар даври 5-ум вомехӯранд:

20 июл (чоршанбе)

19:00 – Узбекистон – Эрон

22:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон

Акс: ФФТ

Июль 19, 2022 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд