Дар Бадахшон аввалин нақби мошингузар бунёд шуда, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад

Июль 8, 2022 17:28

ДУШАНБЕ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаихумб,  қитъаи Ф (аз деҳаи Шкев то шаҳраки Қалъаихумб) аввалин нақби мошингузар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мавзеи деҳаи Ширговад сохта шуд, ки он рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардории сокинони мамлакат қарор дода мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба муовини Директори Муассисаи давлатии «Маркази таҷдиди лоиҳаи роҳи Душанбе-Чанок» Зафар Раҳимов хабар медиҳад.

«Параметрҳои асосии нақби мошингузар дарозӣ – 364 метр, паҳноӣ – 11 метр, қисми мошингузар — –2 х 3,5=7 метр, роҳҳои пиёдагард – 2 х 1,5=3 метр; ҷуйборҳо 2 х 0,5=1 метр, баландӣ – 7 метрро ташкил медиҳад. Нақби сохташаванда аз ду тараф бо доштани роҳи пиёдагузар, имконият ҷиҳати таъмини бехатарии шаҳрвандон ва афзалият додан ба сохти меъмории замонавӣ аз дигар нақбҳо бартарӣ дорад», — тазаккур дод Зафар Раҳимов.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 октябри соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои сарфагардида, як қатор корҳои иловагӣ амалӣ шудаанд, ки сохмони нақби мазкур аз зумраи онҳо мебошад. Корҳои нақбканӣ дар нақби мазкур 14 июни соли 2021 оғоз гардида, айни замон оид ба чароғонкунии нақб корҳо идома доранд ва рӯзҳои наздик пурра ба анҷом расонида шуда, нақб мавриди истифода қарор мегирад.

АКС: Маркази таҷдиди лоиҳаи роҳи Душанбе-Чанок

Июль 8, 2022 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад