Дар Душанбе нахустин Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби занона ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 21.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои даври 5-уми нахустин Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби занона дар таърих баргузор шуданд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби занонаи Узбекистон оид ба футбол пас аз шикаст додани дастаи мунтахаби занонаи Эрон бо ҳисоби 1:0 шумораи имтиёзҳояшонро ба 12 адад расонида, дар садри ҷадвали мусобиқа қарор гирифт ва медалҳои тиллои нахустин Ҷоми мусобиқаро ба даст овард.
Дастаи мунтахаби занонаи Эрон барандаи медали нуқра ва дастаи мунтахаби занонаи Қирғизистон пас аз ғолиб омадан бо ҳисоби 1:0 бар дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон барандаи медали биринҷӣ шуданд. Дар зинаҳои 4 ва 5-ум дастаҳои мунтахаби занонаи Туркманистон бо 2 имтиёз ва Тоҷикистон бо 1 имтиёз қарор гирифтанд.
Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои миллии занона
Даври 4
Эрон – Туркманистон – 4:0
Голҳо: Ҳастӣ Фурӯзанда, 4 (1:0). Малика Мутаваллитоҳир, 28 (2:0). Афсона Чатренур, 70 (3:0). Муҳаддише Зулфӣ, 74 (4:0).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Афсона Чатренур (Эрон).
17 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.
Қирғизистон – Узбекистон – 0:7
Голҳо: Нилуфар Қудратова, 7 (0:1). Зиёда Ирисбоева, 11 (0:2). Нилуфар Қудратова, 41 (0:3). Мадина Ҳикматова, 45+1 (0:4). Зиёда Ирисбоева, 57 (0:5). Диёрахон Ҳабибуллоева, 78 (0:6). Заррина Маматкаримова, 82 (0:7).
Беҳтарин бозигари бозӣ: Нилуфар Қудратова (Узбекистон).
17 июл. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 100 тамошобин.
Дар даври 5-ум вомехӯранд:
20 июл (чоршанбе)
19:00 – Узбекистон – Эрон-1:0
Гол: Мафтуна Шоимова, 86.
Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Нилуфар Қудратова аз Узбекистан.
22:00 – Тоҷикистон – Қирғизистон-0:1
Гол: Аяна Каратаева, 21.
Беҳтарин бозингари бозӣ : Аяна Каратаева аз Қирғизистон.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






