Дар Душанбе Олимпиадаи байналмилалии «ISI Junior-2022» ҷараён дорад

Июль 4, 2022 09:42

ДУШАНБЕ, 04.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Олимпиадаи байналмилалии технологияҳои иттилоотии «ISI Junior-2022» ҷараён дорад. Дар он дар 27 дастаи олимпии наврасон 158 нафар хонанда ва 28 мураббӣ аз давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Белорусия, Афғонистон, Туркманистон ва Федератсияи Русия иштирок менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода иттилоъ дод.

Ҳамзамон наврасони кишварҳои Озарбойҷон, Муғулистон, Ҳиндустон, Шри-Ланка, Хитой, Сурия ва Куба дар 20 даста, ки 134 нафарро ташкил медиҳанд, ба тариқи фосилавӣ дар кори он ширкат хоҳанд варзид.

Тавре иттилоъ дода шуд, Олимпиадаи мазкур аз чор давр иборат мебошад:

— даври математикӣ (mаth-tour)

— даври кодерӣ (koder-tour)

— даври марафонӣ (marathon-tour)

— даври эстафета

Бояд тазаккур дод, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 — 2040 дар мамлакат «Бистолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мунтазам чораҳои мушаххасро роҳандозӣ намуда, баргузории Олимпиадаи байналилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияҳои информатсионӣ дар шаҳри Душанбе низ идомаи мантиқии татбиқи ин иқдомот арзёбӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Олимпиадаи байналилалии «ISI Junior-2022» оид ба технологияхои информатсионӣ то 7 июл дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» ҷараён мегирад.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Июль 4, 2022 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад