Дар фазои ҳавоии Тоҷикистон долон ва хатсайри нав ифтитоҳ гардиданд
ДУШАНБЕ, 09.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар фазои ҳавоии Тоҷикистон долони нави ҳавоии FUNSE ва хатсайри ҳавоии Z767 ифтитоҳ гардидааст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази асосии низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» Фирўз Муҳаммадаминшоев иттилоъ дод.
Мавсуф гуфт, ки долони нави ҳавоии FUNSE ва хатсайри ҳавоии Z767 бо пешниҳоди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти авиатсияи граждании Узбекистон дар марзи ҳавоии ду давлат кушода шуд. Ҳадафи ифтитоҳи долони нави ҳавоии FUNSE ва хатсайри ҳавоии Z767 афзоиши шумораи парвозҳои транзитӣ ва рушди авиатсияи гражданӣ мебошад.
Ба гуфтаи Фирӯз Муҳаммадаминошоев, аз долони мазкур метавонанд ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷие, ки аз фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб ҳангоми парвозҳои транзитӣ фазои ҳавоии Тоҷикистонро убур мекунанд, истифода намоянд.
Инчунин ифтитоҳи долони нав ба кам намудани масофаи роҳи ҳавоӣ ва сарфаи вақт мусоидат менамояд.
Номи долони нав FUNSE /ФУНСЕ/, ки талафузаш муъҷаз аст, аз каталоги Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ /ICAO— International Civil Aviation Organization) –ИКАО/, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 ноябри соли 1992 ба узвияташ пазируфта шудааст, интихоб гардидааст. То имрӯз аз роҳи ҳавоии Z767 ҳудуди 600 киштии ҳавоӣ транзитӣ парвоз анҷом додаст.
Дар маҷмуъ, дар сарҳадҳои фазои ҳавоии Тоҷикистон бо фазои ҳавоии давлатҳои ҳамҷавор /Узбекистон, Қирғизистон, Чин ва Афғонистон/ 30 долони ҳавоӣ фаъоланд. Мавриди зикр аст, ки дар як шабонарўз ба ҳисоби миёна то 60 парвози транзитии хавопаймоҳо тавассути фазои ҳавоии Тоҷикистон суръат мегирад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар».
АКС: КВД «Тоҷикаэронавигатсия»








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






