Дар Минск Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Беларус ба имзо расид

Июль 30, 2022 10:25

ДУШАНБЕ, 30.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 июл миёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Беларус дар соҳаи истеҳсолоти иҷро Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Ёддошти тафоҳумро Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода ва муовини вазири адлияи Беларус Сергей Калиновский  ба имзо расониданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти иҷро хабар доданд, 28 июл ҳайати Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамот Барно Саидвализода бо сафари корӣ ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус рафт.

Дар доираи сафар мулоқоту музокирот миёни роҳбарияти Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Беларус баргузор шуд, ки дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар самти иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон аз натиҷаҳои мулоқоти баргузоршуда барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

АКС: Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 30, 2022 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид