Дар Мусобиқаи байналмилалии «Grand Slam Hungary 2022» Беҳрӯз Хоҷазода ва Комроншоҳ Устопириён ҷои ҳафтумро гирифтанд

Июль 12, 2022 09:52

ДУШАНБЕ, 12.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 8 то 10 июл Мусобиқаи байналмилалии ҷудо — «Grand Slam Hungary 2022» баргузор гардид, ки дар он варзишгарони тоҷик Беҳрӯз Хоҷазода ва Комроншоҳ Устопириён ба гирифтани ҷои ҳафтум шарафёб гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпӣ хабар медиҳад.

Дар дуюмин мусобиқаи интихобии олимпӣ 406 варзишгар (244 мард, 162 зан) аз 61 давлат ширкат карданд. Аз ҷумла,  аз ҷумҳурии мо 5 нафар – Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) ба Будапешт сафарбар гардиданд. Варзишгарони мо натавонистанд сазовори медал шаванд, аммо Беҳрӯз ва Комроншоҳ ҷои ҳафтумро гирифтанд.

Беҳрӯз дар вазни -73 кг қувваозмоиро аз даври дуюм шуруъ карда, бар намояндаи Булғористон Марк Ҳристов, дар даври сеюм бар варзишгари Олмон Игор Вандтке пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари Озарбойҷон Ҳидоят Ҳайдаров (ғолиби ин вазн) ва дар қуввасанҷии тасаллобахш аз Тоҳар Битбули исроилӣ мағлуб гашт.

Комроншоҳ низ дар вазни -90 кг нерусанҷиро аз даври дуюм оғоз карда, варзишгари Муғулистон Мунхбайар Баттогтох, дар даври сеюм намояндаи Гурҷистон Ника Харазишвилиро мағлуб кард, вале дар чорякфинал аз намояндаи Бразил Рафаэл Македо ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз варзишгари кишвари мизбон Гергилӣ Нерпел шикаст хурд.
Варзишгари дигарамон дар вазни -90кг Ҷаҳонгир Маҷидов дар ду давр бар варзишгарони Чехия (Давид Кламмерт) ва Қазоқистон (Ерасил Жанатаев) дастболо шуд, вале дар даври сеюм аз намояндаи Гурҷистон Бека Гвиниашвилӣ мағлуб гардид.

Муҳаммад Маҳмадизода низ дар вазни -60кг дар даври дуюм (дар даври аввал озод буд) намояндаи Ветнам Дук Дат Чуро шикаст дод, вале дар даври сеюм аз варзишгари Муғулистон Ариунболд Енхтаиван шикаст хўрд.

Дар ин мусобиқа бештари медалҳоро Ҷопон ба даст овард – 8 тилло, 1 биринҷӣ. Италия бо 1 тилло, 2 нуқра, 1 биринҷӣ – ҷои дуюм ва Бразил 1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ ҷои сеюмро сазовор шуданд. Тоҷикистон бо 2 ҷои ҳафтум миёни 61 давлат дар ҷои 34-ум мавқеъ гирифт.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июль 12, 2022 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад