Дар натиҷаи бетартибиҳо дар шаҳри Нукуси Узбекистон 243 нафар маҷрўҳ ва 18 нафар ба ҳалокат расиданд
ДУШАНБЕ, 05.07.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни бетартибиҳо дар пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Қарақалпоқистони Узбекистон — шаҳри Нукус 18 нафар ба ҳалокат расида, 243 нафар захмӣ шуданд (94 нафари онҳо то ҳол дар беморхона бистарӣ мебошанд). Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз аз Гвардияи миллӣ ва Прокуратураи генералии Узбекистон иттилоъ доданд. 516 нафар иштирокчиёни бетартибиҳо дастгир карда шуданд.
«1-2 июл 516 нафар боздошт шуда, тафтишот идома дорад. Нисбат ба шаҳрвандони алоҳида ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, онҳо аз боздоштгоҳ озод карда шуданд», — гуфт котиби матбуоти Гвардияи миллии Узбекистон Даврон Ҷумъаниёзов.
Прокуратураи генералӣ иттилоъ дод, ки аз рӯи далели бетартибӣ дар асоси моддаи «Сӯиқасд ба сохти конститутсионии Ҷумҳурии Узбекистон» парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.
Эътирозҳо дар Қарақалпоқистон 1 июл, баъд аз пешниҳоди лоиҳаи нави Конститутсия шуруъ шуданд. Дар тарҳи нави ин санад пешниҳод гардидааст, ки ин минтақа аз соҳибихтиёрӣ ва аз ҳаққи ҷудо шудан аз Узбекистон тавассути раъйпурсӣ маҳрум карда шавад. Пас аз эътирозҳо Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Нукус омад (ДАР АКС). Ӯ дар мулоқот бо вакилони маҳаллӣ таклиф кард, ки аз лоиҳаи Конститутсия пешниҳод дар бораи мухторият хориҷ карда шавад. Мақомоти Узбекистон тасмим гирифтанд, ки муҳокимаи лоиҳаи тағйирот то 15 июл тамдид гардида, мухторияти Қарақалпоқистон нигоҳ дошта шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Узбекистон








Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд






