Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд

Октябрь 6, 2026 16:10

ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар кори ҷаласа намояндагони расмии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Беларус, Қирғизистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.

Сардори Муассисаи давлатии «Мададгори мудофиа»–и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмумин Давлатзода дар ҷаласа оид ба таҳкими иқтидори мудофиавии Тоҷикистон тавассути татбиқи тадбирҳои тодаъватӣ ва тарбияи ҳарбӣ–ватандӯстии наврасону ҷавонон, омодасозии мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ ва рушду нумуи намудҳои ҳарбӣ – амалӣ ва техникии варзиш ибрози андеша намуд.

Гуфта шуд, ки танҳо дар якҷоягӣ ва иттиҳод бо дигар давлатҳое, ки ҳадафу манфиати муштарак доранд, метавон дар мубориза бо таҳдид ва хатарҳои замони муосир муваффақ гардид.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 6, 2026 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид