Дар шаҳри Панҷакент Маркази хизматрасонӣ ва истироҳатгоҳи «Бешазор» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 08.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 5 июл дар шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Маркази хизматрасонӣ ва истироҳатгоҳи «Бешазор» мавриди истифода қарор гирифт, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Маркази хизматрасониву истироҳатгоҳ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, дар он барои истироҳату фароғати меҳмонон чор ҳавзи шиноварӣ, ҷойи омода намудани хӯрок ва айвонҳо барои истироҳат мавҷуд мебошад.
Ҳамзамон иншооти истироҳатӣ дорои таваққуфгоҳ барои нақлиёт, ҷойи бозӣ барои кӯдакон ва ҳавзҳои моҳипарварӣ буда, «Бешазор» бо харҷи як миллион сомонӣ сохта шудааст.
Дар марказ дар як вақт ба 200 нафар хизмат расонида шуда, 10 нафар бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин гардиданд.
Раиси вилоят бунёди иншоотро барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, барои ташкили дурусти кор тавсияҳо дод.
Сипас дар Маркази хизматрасонӣ ва истироҳатгоҳи «Бешазор» барои ятимони кулл дастархон ороста шуда, аз ҷониби Раиси вилоят ба онҳо либосу туҳфаҳо супорида шуд.
Мавриди зикр аст, ки Панҷакент яке аз минтақаҳои сайёҳӣ дар вилояти Суғд ба ҳисоб рафта, ҳоло дар шаҳр 23 ширкати сайёҳӣ ва як ташкилоти ҷамъиятии «Шӯрои Зарафшон оид ба рушди сайёҳӣ» фаъолият мебаранд. Ҳамзамон, дар шаҳр 4 маркази иттилоотии сайёҳӣ, 9 меҳмонхона, 2 пойгоҳи сайёҳӣ ва 22 хонаҳои меҳмонқабулкунӣ бо ғунҷоиши зиёда аз 750 ҷой, 4 осорхона ва 355 ёдгориҳои таърихӣ фаъолият мебаранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид






