Дар шаҳри Турсунзода корхонаи нави истеҳсоли чиниворӣ бунёд мешавад

Июль 25, 2022 12:39

ДУШАНБЕ, 25.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи эълони Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода 23 корхонаи истеҳсолии саноатӣ бунёд мегарданд, ки яке аз онҳо корхонаи нави чиниворӣ мебошад. Дар ин бора Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода зимни нишасти матбуотӣ изҳори назар намуд.

Ба гуфтаи ӯ, ширкати маҳаллии “Амонҷон” тасмим гирифтааст, ки анъанаҳои тавлиди маснуоти чинивориро дар шаҳри Турсунзода эҳё намояд. Корхона бо такя ба анъанаҳои кӯҳнаи истеҳсоли маҳсулоти фахфур ва таҷрибаи мутахассисони собиқ қарор дод, ки корхонаи чинивориро дар ҷамоати Регар, начандон дуртар аз мавзеи собиқ корхонаи чиниворӣ бунёд кунад.

Ҳоло сохтмони инфрасохтор ва коргоҳҳои асосӣ идома дошта, дар майдони сохтмон неруи барқ, об, қубур ва зарфҳо барои ворид шудани гази табиӣ аз Узбекистони ҳамсоя насб шудаанд.

Ашёи хоми асосӣ — каолин дар Тоҷикистон мавҷуд буда, гили каме босифаттарро аз дигар мамлакатҳо овардан мумкин аст. Пеш каолини босифат аз Украина оварда мешуд.

Баъди ба охир расидани сохтмон васлу насби таҷҳизот cap шуда,  корхона ба истеҳсоли маҳсулоти аввалин шурӯъ мекунад.

Ба гуфтаи Парвиз Акрамзода, “маҳсулот ба тамоми меъёрҳо ҷавобгӯ буда, ба содирот нигаронида шудааст. Вай ҳамчунин гуфт, дар маҷмӯъ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми тавлидоти маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Турсунзода  485,8 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 миллион сомонӣ ё 18,2 фоиз зиёд аст”.


Қаблан дар шаҳри Турсунзода корхонаи чиниворӣ мавҷуд буд, ки дар авҷи фаъолияти худ то 16 миллион адад маҳсулот истеҳсол мекард ва дар он беш аз 2 ҳазор нафар кор мекарданд. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ин корхона муддати тӯлонӣ бекор меистод. Таҷҳизот қисман вайрон ва кӯҳна шуда буд. Пас аз 10 сол ба барқароркунии корхона шурӯъ карданд.

Барои фаъолияти коргоҳҳои истеҳсолӣ гази табиӣ лозим буд, вале аз сабаби набудани он қарор доданд аз ангишт истифода баранд. Истеҳсоли хишти бинокорию ороишӣ, инчунин бист намуди зарфҳои чинию сафолӣ ба роҳ монда шуд.

Аммо маснуоти чиниворие, ки бо ангишт пухта мешуд, аз ҷиҳати сифат на он қадар хуб буда, дар бозор харидор наёфт.

Ҳоло завод хишт ва дигар маҳсулот мебарорад, вале истеҳсоли зарфҳои чинивориро бинобар манфиатовар набудан қатъ кардааст.

 АКС аз манбаъҳои боз

Июль 25, 2022 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»