ДАР ТОҶИКИСТОН ЛОИҲАИ НЕРУГОҲҲОИ ОФТОБӢ ТАҲИЯ МЕГАРДАД. Оид ба ин ва дигар тадбирҳои соҳаи энергетикии ҶТ Далер Ҷумъа ба иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои энергетикии ИДМ маълумот дод

Июль 15, 2022 15:07

ДУШАНБЕ, 15.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 14 июл дар шаҳри Нур-Султон, пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 60-уми Шӯрои энергетикии ИДМ бо иштироки намояндагони Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Арманистон, Беларус, Молдова, Узбекистон ва Туркманистон дар мавзуи «Саҳми саноати энергетикии камкарбон дар рушди устувори ИДМ бо дарназардошти масъалаҳои амнияти энергетикӣ» баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистонро Далер Ҷумъа – Вазири энергетика ва захираҳои об роҳбарӣ намуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

«Дар доираи  кори ҷаласа масъалаҳои мубрами рушди саноати барқи устувор, кам намудани газҳои гулхонагӣ, ҳамкории кишварҳои ИДМ дар соҳаи энергияи таҷдидшаванда бо дарназардошти таъмини амнияти энергетикии миллӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуда, як қатор ҳуҷҷатҳо, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Шӯрои электроэнергетикии ИДМ пешниҳод кардааст, баррасӣ гардиданд», — хабар доданд ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.

Зимни суханронии худ Вазири энергетика ва захираҳои оби  ҶТ Далер Ҷумъа,  аз ҷумла иброз дошт, ки Тоҷикистон тадбирҳои судманду заруриро ҷиҳати баланд бардоштани тавлиди «энергияи сабз» минбаъд низ идома хоҳад дод. Зеро, тағйирёбии иқлим ва равандҳои босуръати гармшавии ҷаҳонӣ ба дурнамои рушди минтақавии энергетикӣ низ таъсири бевоситаи худро гузошта истодаанд.


«Ин равандҳо барои соҳаи электроэнергетикаи Тоҷикистон низ паёмадҳои манфӣ доранд, — иброз дошт Далер Ҷумъа. — Зеро дар Тоҷикистон миқдори зиёди об барои неругоҳҳои барқи обӣ маҳз аз ҳисоби пиряхҳо, ки бо суръати баланд об шуда истодаанд, истифода мегардад. Ба ақидаи коршиносон, пиряхҳои Тоҷикистон давоми асри ХХ тақрибан 30 дарсади ҳаҷми худро аз даст додаанд».

Ба гуфтаи Вазир, барои мутобиқ шудан ба воқеиятҳои мавҷуда Тоҷикистон нақша дорад, ки тавлидотро тавассути ҷорӣ кардани манбаъҳои барқароршавандаи энергия афзоиш диҳад. Бо дастгирии шарикони рушд лоиҳаи якчанд неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 460 МВт таҳия шуда истодаанд.

«Тоҷикистон барои афзоиши ҳаҷми тавлиди энергияи тоза,   коҳиш додани партовҳои CO2 ва ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ минбаъд низ кўшиш ба харҷ хоҳад дод», — зикр намуд дар охир Вазир.                              

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ«Ховар»

             

 

Июль 15, 2022 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»