ДЗЮДО. Ҷаҳонгир Маҷидов дар мусобиқаи «Zagreb Grand Prix 2022» ҷойи ҳафтумро ишғол намуд
ДУШАНБЕ, 18.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов дар мусобиқаи «Zagreb Grand Prix 2022», ки аз 15 то 17 июл дар пойтахти Хорватия баргузор шуд, дар вазни то 90кг қувваозмоӣ намуда, ҷойи ҳафтумро ишғол кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мусобиқаи мазкур Тоҷикистонро 7 нафар варзишгарон, аз ҷумла Муҳаммад Маҳмадизода, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), Шаҳбоз Саидаброров, Алиҷон Сафаралиев (-66кг), Наврӯз Каримзод (-73кг), Шодмон Ризоев (-81кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) намояндагӣ карданд.
Миёни иштирокчиён натиҷаи беҳтарро Ҷаҳонгир Маҷидов нишон дод. Ӯ қуввасанҷиро аз даври дуюм шурӯъ карда, бар намояндаи Латвия Алексей Зарудневс, дар даври сеюм бар ҷудочии маъруфи сербӣ Неманя Майдов пирӯз шуд, вале дар чорякфинал аз варзишгари бразилӣ Рафаэл Маседо ва дар қувваозмоии тасаллобахш аз намояндаи Нидерланд Ноэл Ван`т Энд мағлуб гардида, ҷойи ҳафтумро гирифт.
Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг) рақобатро аз даври дуюм муқобили Якоб Мор аз ИМА оғоз карда, пирӯз шуд, аммо дар даври сеюм аз ҷудочии ботаҷрибаи Ҷопон Генки Кога мағлуб гардид. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг) низ ба рақобат аз даври дуюм пардохта, аз намояндаи Гурҷистон Гиорги Сардалашвили ноком шуд.
Алиҷон Сафаралиев (-66кг) дар нахустин қувваозмоияш аз Страхиня Бунчич (Сербия) шикаст хӯрд. Дар ин вазн Шаҳбоз Саидабуроров қуввасанҷиро аз даври дуюм бар зидди Майкл Фрайер аз Британияи Кабир шурӯъ карда, ғолиб шуд. Мутаассифона, дар даври сеюм аз Ҷе-Ҳон Ан аз Корея мағлуб гардид.
Наврӯз Каримзод (-73кг) ва Шодмон Ризоев (-81кг) дар нахустин рақобаташон аз ҷудокорони Полша – Ксавери Морка ва Себастян Мартсинкевич бо гирифтани се танбеҳ ноком шуданд.
АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






