ДЗЮДО. Се паҳлавони тоҷик дар Чемпионати Осиё-2022 миёни ҷавонон иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 19.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати Осиё оид ба намуди гӯштини дзюдо миёни ҷавонон, ки 20-21 июл дар пойтахти Тайиланд — шаҳри Бангкок баргузор мешавад, иштирок мекунанд. Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон иттилоъ дод.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони соли таваллудашон 2002-2007 аз рӯи 14 вазн (бонувон: -48кг, -52кг, -57кг, -63кг, -70кг, -78кг, +78кг; мардон: -60кг, -66кг, -73кг, -81кг, -90кг, -100кг, +100кг) ширкат меварзанд.
Ба ин мусобиқаи сатҳи баланд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 варзишгари шинохта – Сируш Эркаев дар вазни то 60кг, Сунатулло Лоиқов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов- ҳарду дар вазни то 81кг сарфарбар гардиданд.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF), дар Чемпионати мазкур ширкати 163 варзишгар аз 15 кишвари қораи Осиё дар назар аст.
Барномаи баргузорӣ:
Рӯзи 1 | 20 июл | Чоршанбе
Оғоз: 08:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 14:00
Занон: -48 кг, -52 кг, -57кг, -63кг
Мардон: -60кг, -66кг, -73кг
Рӯзи 2 | 21 июл | Панҷшанбе
Оғоз: 08:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 14:00
Занон: -70кг, -78кг, +78кг
Мардон: -81 кг, -90 кг, -100 кг, +100 кг
АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






