ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ба чемпионати CAFA омодагӣ мебинад

Июль 26, 2022 09:44

ДУШАНБЕ, 26.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар Душанбе ҷамъомади таълимиву тамринӣ оғоз кард, ки ҳадафи он омодагӣ ба чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Аҳлиддин Турдиев ба ин ҷамъомад 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 11 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагарро даъват кардааст. Ба далели он ки чемпионати CAFA-2022 дар рӯзҳои ФИФА баргузор намешавад, легионерҳо дар ин мусобиқа наметавонанд дар ҳайати дастаи ҷавонон бозӣ кунанд. Бо мувофиқа бо бошгоҳҳо бозигарони дар хориҷабуда ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон барои бозиҳои расмӣ – марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 14 то 18 сентябр дар Душанбе баргузор мешавад, даъват мегарданд.

Дар чемпионати CAFA-2022 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) бо ҳамсолони худ аз Афғонистон (6 август), Қирғизистон (8 август), Узбекистон (10 август) ва Эрон (12 август) бозӣ мекунад. 

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе:  

Дарвозабонҳо: Сафармад Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»), Суҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо»);

Ҳимоятгарон: Меҳрубони Абдурауф, Раҳматшо Раҳматзода, Фахриддин Аҳтамов, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов, Содиқ Қурбонов (ҳама аз«Динамо»), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);  

Нимҳимоятгарон: Абдулло Шарипов (КМВА), Азизбек Ҳайитов, Иброҳим Зокиров (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Аббос Андалибов, Амирҷони Фаррухзод (ҳарду аз «Равшан»-и Кӯлоб), Бежан Нишонбойзода, Фатҳулло Олимзода, Азизбек Далиев, Меҳроб Асоев (ҳама аз «Динамо»), Салохиддин Иргашев («Металлург», Узбекистон), Салам Ашурмамадов (бидуни даста);

 Ҳамлагарон: Сунатулло Азизов («Динамо»), Асадбек Ҷӯрабекзода (КМВА), Далер Шарипов («Металлург», Узбекистон).  

Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.

Акс: ФФТ

Июль 26, 2022 09:44

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд