ФУТБОЛ. Душанбе мизбони Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола мегардад
ДУШАНБЕ, 27.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 12 август дар шаҳри Душанбе мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола баргузор мешавад, ки дар он панҷ дастаи мунтахаб барои унвони беҳтарин дастаи минтақа мубориза мебаранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат мекунанд.
Дар маҷмӯъ, дар доираи чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонон (U-19) даҳ бозӣ баргузор мешавад. Ҳама вохӯриҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегарданд.
Тибқи низомнома, Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.
Чемпионати CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола
Иштирокчиён: ТОҶИКИСТОН, Эрон, Узбекистон, Афғонистон, Қирғизистон.
Даври 1
5 август (ҷумъа)
18:00 – Узбекистон – Эрон
21:00 – Қирғизистон – Афғонистон
Даври 2
6 август (шанбе)
18:00 – Қирғизистон – Узбекистон
21:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 3
8 август (душанбе)
18:00 – Эрон – Афғонистон
21:00 – ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон
Даври 4
10 август (чоршанбе)
18:00 – Эрон – Қирғизистон
21:00 – Узбекистон – ТОҶИКИСТОН
Даври 5
12 август (ҷумъа)
18:00 – Афғонистон – Узбекистон
21:00 – ТОҶИКИСТОН – Эрон
Акс: ФФТ









Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






