Гӯштингирони тоҷик дар Чемпионати Осиё ширкат мекунанд
ДУШАНБЕ, 04.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 10 июл дар шаҳри Манамаи Баҳрайн Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон (U15) ва ҷавонон (U20) баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои Федератсияи гӯштини Тоҷикистон, ҷумҳурии моро дар чемпионат 5 нафар миёни наврасон ва 3 нафар миёни ҷавонон намояндагӣ мекунанд:
Наврасони то 15-сола
Гӯштини тарзи озод
Идрисҷон Баҳромов (48кг)
Алиризо Баҳромов (68кг)
Гуштини юнонӣ-римӣ
Амон Аюбзода (52кг)
Муҳаммад Абдуҳакимзода (62кг)
Исо Нурмаҳмадов (68кг)
Ҷавонони то 20-сола
Гуштини тарзи озод
Саидасан Ашрафхонов (74кг)
Гуштини юнонӣ-римӣ
Фирӯз Мирзораҷабов (60кг)
Шероз Очилов (72кг)
Тибқи низомнома қувваозмоиҳо миёни наврасон 2-4 июл ва миёни ҷавонон 5-10 июл баргузор мешавад.
АКС: КМО Тоҷикистон








Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид






