Гӯштингирони тоҷик дар Чемпионати Осиё ширкат мекунанд

Июль 4, 2022 09:18

ДУШАНБЕ, 04.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 10 июл дар шаҳри Манамаи Баҳрайн Чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни наврасон (U15) ва ҷавонон (U20) баргузор мешавад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои Федератсияи гӯштини Тоҷикистон, ҷумҳурии моро дар чемпионат 5 нафар миёни наврасон ва 3 нафар миёни ҷавонон намояндагӣ мекунанд:

Наврасони то 15-сола
Гӯштини тарзи озод
Идрисҷон Баҳромов (48кг)
Алиризо Баҳромов (68кг)

Гуштини юнонӣ-римӣ
Амон Аюбзода (52кг)
Муҳаммад Абдуҳакимзода (62кг)
Исо Нурмаҳмадов (68кг)

Ҷавонони то 20-сола
Гуштини тарзи озод
Саидасан Ашрафхонов (74кг)

Гуштини юнонӣ-римӣ
Фирӯз Мирзораҷабов (60кг)
Шероз Очилов (72кг)

Тибқи низомнома қувваозмоиҳо миёни наврасон 2-4 июл ва миёни ҷавонон 5-10 июл баргузор мешавад.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июль 4, 2022 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз дар Лондон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастҷамъӣ ба Дубай рафт
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» омодагӣ мебинад
Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд