Имрӯз дастаҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ нахустин бозии дӯстонаи худро баргузор мекунад
ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар шаҳри Абҳа бо ҳамсолонашон аз Арабистони Саудӣ нахустин бозии дӯстона баргузор мекунад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон Аҳлиддин Турдиев барои ин бозиҳо 23 бозингар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони то 20 солаи Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тими миллии Арабистони Саудӣ:
Дарвозабонҳо: Суҳробхӯҷа Юсупов («Хуҷанд»), Сафармад Ғаффоров («Регар-ТадАЗ»), Шаҳобиддин Маҳмудзода («Динамо»);
Ҳимоятгарон: Фахриддин Аҳтамов, Меҳрубони Абдурауф, Содиқҷон Қурбонов, Раҳматшо Раҳматзода, Шаҳриёри Иноятулло, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (ҳама аз «Динамо»), Асадбек Зиёзода («Истаравшан»);
Нимҳимоятгарон: Амадонӣ Камолов («Райо Маҳадаонда», Испания), Азизбек Далиев, Бежан Нишонбойзода, Меҳроб Асоев, Фатҳулло Олимзода (ҳама аз «Динамо»), Азизбек Ҳаитов, Иброҳим Зокиров (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Абдулло Шарипов (КМВА), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»-и Кӯлоб);
Ҳамлагарон: Далер Шарифов («Металлург», Ӯзбекистон), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Хуҷанд»), Сунатулло Азизов («Динамо»), Салам Ашурмамадов (бе бошгоҳ).
Сармураббӣ – Аҳлиддин Турдиев.
Бозиҳои дӯстона
14 июл (панҷшанбе)
Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН
Абҳа, Арабистони Саудӣ
Оғоз – соати 19:00 ба вақти Душанбе
16 июл (шанбе)
Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН
Абҳа, Арабистони Саудӣ
Акс: ФФТ








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






