КФО ба ФФТ барои сатҳи баланди ташкили бозиҳои Ҷоми Конфедератсия-2022 изҳори сипос кард

Июль 5, 2022 08:48

ДУШАНБЕ, 05.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Конфедератсияи футболи Осиё  (КФО) ба Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) ва кумитаи тадорукоти маҳаллӣ барои ташкили муваффақонаи Мусобиқаи мутамаркази Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «Е», ки аз 24 то 30 июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, изҳори сипос намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар номаи расмии Дабири кулли КФО Датук Сери Виндзор Ҷон, ки ба унвони Дабири кулли ФФТ Давлатманд Исломов ирсол шудааст, аз ҷумла омадааст:

«Федератсияи футболи Тоҷикистон ва кумитаи тадорукоти маҳаллиро бо ташкили муваффақонаи мусобиқаи мутамаркази Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «Е» табрик мегӯем.

Муваффақияти мусобиқот, бешубҳа аз фидокорӣ, заҳмат, талошҳои беандозаи ФФТ ва кумитаи тадорукоти маҳаллӣ дар нигоҳ доштани сатҳи баланди ташкилӣ сарфи назар аз шароити душвор гувоҳӣ медиҳад.

Мо ба кумитаи тадорукоти маҳаллӣ барои меҳмоннавозии олӣ ба ҳайати Конфедератсияи футболи Осиё ва ҳамаи бошгоҳҳои ширкаткунанда, инчунин баҳри чораҳое, ки ҷиҳати таъмини саломатӣ ва некуаҳволии ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа андешида шуданд, миннатдорӣ баён менамоем.

Мо аз Шумо миннатдорем ва ба ҳамкории минбаъда бо Федератсияи футболи Тоҷикистон умед дорем».

Қобили зикр аст, ки Мусобиқаи мутамаркази Ҷоми КФО-2022 дар гурӯҳи «Е» бо ширкати дастаҳои КМВА (Тоҷикистон), «Суғдиёна» (Узбекистон), «Алтин Асир» (Туркманистон) ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) аз 24 то 30 июн дар Душанбе барпо гардид.

Дар маҷмуъ шаш вохӯрӣ сурат гирифт. Дар бозиҳо ҳамагӣ 20261 нафар тамошобин ҳузур доштанд. Ғолиби гурӯҳ ноибқаҳрамони Узбекистон дастаи футболи «Суғдиёна» гардид, ки ба финали минтақавӣ роҳ ёфт.

Акс: ФФТ

Июль 5, 2022 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд