Медали 5-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ муаррифӣ гардид

Июль 14, 2022 08:54

ДУШАНБЕ, 14.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи тадорукоти 5-умин  Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ як моҳ қабл аз маросими ифтитоҳ медали бозиҳоро муаррифӣ кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

5-умин  Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз 9 то 18 августи соли 2022 дар Қунияи Туркия баргузор мешавад. Дар он иштироки варзишгарони 56 кишвари ҷаҳон дар назар аст, ки барои 483 медал дар 24 намуди варзиш талош мекунанд. Аз ҷумла иштироки ҳайати олимпии Тоҷикистон дар бозиҳо дар назар аст.

Дар рӯи медал ба ғайр аз рамзи бозиҳо нақши гули мерам акс ёфтааст. Гуле, ки дар сояҳои дурахшони зарду норинҷӣ навъҳои гуногун ва бо баргҳои нарму махмалии худ намуди зебо дорад. «Ситораи Салҷуқӣ» дар атрофи рамз ва нақш печонида шудааст. Ситораи ҳаштгўша рамзи ҳашт дарвозаи осмон аст, ки ҳар як гӯшаи ситора яке аз ҳашт хусусиятҳои гуногунро ифода мекунад. Нақши салҷуқӣ бо ҳашт гӯшаи мухталифаш рамзи шафқат, муҳаббат, сабр, хирад (нигоҳ доштани асрор), саховатмандӣ, садоқат, шукрона ва ростгӯиро ифода мекунад.

Унсури дигаре, ки дар медал нақш ёфтааст, хӯшаи гандум мебошад.

Дар пушти медал нишони Федератсияи варзишии ҳамбастагии исломӣ (ISSF) ва номи бозиҳо мавҷуд аст.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июль 14, 2022 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад