Нақшаи андозҳои шаҳри Кӯлоб 116,9 % иҷро гардида, ба буҷет 61 млн сомонӣ ворид шуд
КӮЛОБ, 25.07.2022 /АМИТ АМИТ «Ховар»/. 22 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2022 бо иштироки намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода аз натиҷаи ҷамъбасти шашмоҳа ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии шаҳр ба хабарнигорон маълумот дода, гуфт, ки «дар шашмоҳаи якуми соли 2022 нақшаи андозҳои шаҳри Кӯлоб 116,9 % иҷро гардида, ба буҷет 61 млн сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Нақшаи андозҳо якҷоя бо андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 110,8 % таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 67 миллиону 127 ҳазор сомонӣ 74 миллиону 376 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд. Дар маҷмӯъ қисми даромади буҷет 110,9 % иҷро ва қисми хароҷоти он 96% таъмин гардид».
Зикр шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2022 аз ҳисоби музди меҳнат қарздорӣ ба қайд гирифта нашудааст. То ин давра пардохти рухсатпулии омӯзгорон то моҳи сентябр идома меёфт, имсол то 20 июн рухсатпулии омӯзгорон пардохт гардида, айни ҳол маблағгузорӣ дар самти таъмири муассисаҳои таълимӣ идома дорад.
Дар ҷараёни нишаст гуфта шуд, ки дар шаҳри Кӯлоб барои бехатарии нақлиёт дар 6 нуктаи дигар чароғакҳои роҳнамо насб карда шуданд, ки боиси кам гардидани садамаҳои нақлиётӣ мешаванд. Инчунин ба хотири барҳам додани танбашавии нақлиёт дар назди бозори марказӣ роҳи дигари мошингард дар кӯчаи Чармгарони Поён дар масофаи 1 км ва паҳноии 10 м роҳи нав бунёд карда шуда, рӯзҳои наздик сохтмони он ба итмом мерасад.
Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Доир ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи якумро соҳиб шуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеӣ аст
Дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сохтмони биноҳои нави таълимӣ оғоз шуд
Баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар Коллеҷи технологии Конибодом баррасӣ гардид
IRS: Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмин аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Беш аз 300 гектар замини ноҳияи Айнӣ ба гардиши кишт ворид карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад
Оид ба робитаи фалсафа бо зеҳни сунъӣ машварат баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ конфронс доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг вохӯрӣ намуд
«ШОҲНОМА»-ТУҲФАИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба сокинони шаҳри Гулистон ин асари безавол тақдим мегардад






