Нақшаи андозҳои шаҳри Кӯлоб 116,9 % иҷро гардида, ба буҷет 61 млн сомонӣ ворид шуд

Июль 25, 2022 18:49

КӮЛОБ, 25.07.2022 /АМИТ АМИТ «Ховар»/. 22 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2022 бо иштироки  намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ  баргузор шуд.

Раиси шаҳри Кӯлоб  Бахтиёр Назарзода аз  натиҷаи ҷамъбасти  шашмоҳа  ва пешрафти  иқтисодию иҷтимоии шаҳр ба хабарнигорон маълумот дода, гуфт,  ки  «дар шашмоҳаи якуми соли 2022  нақшаи андозҳои  шаҳри Кӯлоб  116,9 % иҷро гардида, ба буҷет  61 млн  сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Нақшаи  андозҳо  якҷоя  бо андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 110,8 %  таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 67 миллиону 127 ҳазор сомонӣ  74 миллиону 376 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд. Дар маҷмӯъ  қисми даромади буҷет 110,9 % иҷро  ва қисми  хароҷоти он 96% таъмин гардид».

Зикр шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2022  аз ҳисоби музди меҳнат  қарздорӣ ба қайд гирифта  нашудааст. То ин давра пардохти  рухсатпулии омӯзгорон  то моҳи   сентябр идома меёфт, имсол то  20 июн  рухсатпулии омӯзгорон  пардохт гардида, айни ҳол маблағгузорӣ дар самти таъмири муассисаҳои таълимӣ идома дорад.

Дар ҷараёни нишаст гуфта шуд, ки дар шаҳри Кӯлоб  барои бехатарии нақлиёт дар  6 нуктаи дигар чароғакҳои роҳнамо насб карда шуданд, ки боиси  кам гардидани садамаҳои нақлиётӣ мешаванд. Инчунин ба хотири барҳам додани танбашавии нақлиёт дар назди бозори марказӣ роҳи дигари мошингард дар кӯчаи Чармгарони Поён дар масофаи  1 км ва паҳноии 10 м  роҳи нав  бунёд карда шуда,   рӯзҳои  наздик сохтмони он ба итмом мерасад.

Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2022 18:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст